Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Набудани нуқтаҳои партов аз мушкилоти асосӣ дар деҳот мебошад»

Июль 16, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди набудани нуқтаҳои партов дар деҳотҷойҳо посух дода, гуфт, ки дарвоқеъ,  камбуди ин нуқтаҳо  аз мушкилоти  асосӣ  дар деҳот  ба ҳисоб меравад.  

Бино ба зикри номбурда, имрӯз  дар аксарияти шаҳру деҳот чунин мавзеъҳо мавҷуд  нестанд.  Ҳоло аз тарафи Кумита барномаҳое, ба мисли   «Маърифати экологӣ»  қабул карда шудаанд, ки мақсади асосии онҳо  корҳои  фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани атроф мебошад.

Бино ба иловаи сардори шуъбаи истифодаи ҳифзи замин ва ҷойгиронии муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Мақсадулло Мардонов,   ҳоло  бо  пешниҳоди Кумита  дар вилояти Суғд  дар назди ҳар ҷамоат  Муассисаи хоҷагии коммуналӣ ташкил карда шудааст, ки вазифаи асосии онҳо  ҷамъ кардани партовҳо аз маҳалҳо мебошад.

«Ташкили ин гуна муассисаҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шудааст ва он бояд дар оянда ҳалли худро пайдо намояд.  Ҳоло бо қарори раиси шаҳри Ҳисор   ин гуна муассисаҳо  дар назди ҷамоатҳо ташкил шуда, фаъолият доранд»,- гуфт Мақсадулло Мардонов.

Ҳамчунин  номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки  аксар маҳаллаҳо дар баландиҳо ҷойгиранд. Ҳангоми  партофтани партовҳо ба ҷарӣ ва нишебиҳо  дар натиҷаи  боришоти атмосферӣ онҳо шуста шуда, ба поёноб ҳамроҳ мешаванд ва дар тобистон метавонанд касалиҳои сироятиро ба вуҷуд оранд.  Аз ин рӯ ин масъала ҷиддӣ буда,   ҳалли он дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

 

Июль 16, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд