ДОВТАЛАБ-2019. Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро оғоз намуд

Июль 18, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) барои иштирок дар ИМД-2019 номнавис карда  шуда буданд, даври иловагии қисми А–имтиҳони умумӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази мазкур хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳон дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, низ дар ин давр иштирок мекунанд.

Шумораи умумии довталабоне, ки дар даври иловагӣ қисми А-ро месупоранд, 3503 нафарро ташкил медиҳад.

Даври иловагии имтиҳони қисмҳои Б (имтиҳони ихтисос) ва АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) барои довталабони зикргардида имрӯз доир гардид.

Бояд гуфт, ки яке аз навгониҳои соли ҷорӣ дар доираи ИМД ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 25 июл ба нақша гирифта шудааст.

Довталабон метавонанд маълумоти бештарро аз сомонаи Маркази миллии тестӣ www.ntc.tj ба даст оранд.

Июль 18, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд