Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба буҷаи давлат беш аз 8 миллион сомонӣ маблағ ворид намудааст
КӮЛОБ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали соли 2019 аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 8 млн. 631 ҳазору 998 сомонӣ маблағ ворид намудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 628 ҳазору 399 сомонӣ ё 215,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора дирӯз, 16 июл зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» Алӣ Комилзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки фурудгоҳи Кӯлоб дар ин давра ба маблағи 11 094 292 сомонӣ фоида ба даст овардааст. Феълан дар фурудгоҳ 223 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 39 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2019 Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 50 ҳазору 663 нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 207 нафар кам мебошад.
Ҳамчунин Алӣ Комилзода баён намуд, ки дар ин давра гурӯҳи муоинаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон 63 нафар мусофиронеро, ки бо худ ашё ва моддаҳое доштанд, ки бурдани он бо ҳавопаймо манъ аст, ошкор намуданд. Онҳо 37 адад ашёи тезу буранда, 2 адад бозичаҳои ба яроқ монанд, 35 литр равған, 540 гр моддаҳои заҳролудкунандаи (зидди ҳашарот), 1260 гр моддаҳои химиявӣ ва 5,7 литр нӯшокиҳои спиртиро ошкор намуданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
рӯзноманигор








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






