ФУТБОЛ: дар даври сеюми Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Туркманистон ғолиб омад

Июль 30, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 29  июли  соли равон   сабқатҳои даври сеюми   Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор гардид. Дар даври сеюм  дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони  Қирғизистон  аз дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби  наврасони  Эрон  аз дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо натиҷаи  1:0 шикаст хӯрд.  Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.  

 

  Даври 3-ум

 Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

 Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3

 Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди  Тинибеков, 46 (2:3).

 Голҳо:

Эрон – Афғонистон – 0:1

 Голҳо: Аҳмад Закарёи    Ҳуссайнӣ, 66.

29 июли соли равон дастаи мунтахаби   наврасони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе  бо дастаи мунтахаби  наврасони  Туркманистон  вохӯрд. Оғози бозӣ – соати 18:00 буд. Дар ҳамин соат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби  наврасони  Қирғизистон бо дастаи  мунтахаби  наврасони  Ӯзбекистон бозӣ  кард. Соати 20:30 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе бозии дастаҳои мунтахаби наврасони  Эрон бо Афғонистон  дар сатҳи баланду хотирмон баргузор  шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки  26 июли соли равон дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври 1-уми Чемпионати CAFA   бо  дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.

Бозиҳои  дигари  ҳамин гурӯҳ низ бо  чунин натиҷа хотима ёфтанд.  Дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи  мунтахаби  наврасони Қирғизистон дидорро  бо дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Даври 1-ум

  Ӯзбекистон – Тоҷикистон  – 1:1

 Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

 Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

Афғонистан – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).

27 июли соли 2019  дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон бар тими мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Бозии ин дастаҳои  мунтахаб  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи  баланду  хотирмон  доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.

Дар бозиҳои дигар  дастаи  мунтахаби  наврасони  Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 1:0  ва  дастаи  мунтахаби наврасони  Эрон бар  дастаи мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Даври 2-ум

 Тоҷикистон – Кирғизистон – 2:0

 Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

 Голҳо: Аҳмад Закарёи  Ҳуссайнӣ, 22.

Ӯзбекистон – Эрон – 1:2

 Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.

Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA U-16    тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

 

Июль 30, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Малдивро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозӣ бо Малдив ба шаҳри Мале рафт
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби мақоми ҳафтум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
БОЗИҲОИ СЕЮМИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ. То 8 октябр варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Бозии Тоҷикистон ва Малдивро гурӯҳи доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи Малдив бозӣ мекунад
Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар Перу сазовори медали тилло гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои сеюми ИДМ дар Озарбойҷон соҳиби 18 медал гардиданд
Дастаи «Соро компания» барандаи чоркаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд