ГУЛҲОИ ХУДРӮЙ. Ҳайати экспедитсияи санъатшиносони тоҷик бо мақсади дарёфти онҳо ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик сафар намуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳ санъатшиносон барои пайдо кардани чеҳраҳои нави ҳунару санъат аз миёни аҳолӣ ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон сафар карданд.
Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба гурӯҳи мазкур ходими илмӣ Кароматулло Раҳимов, Мурод Эшонқулов ва Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дона Баҳром шомиланд.
Роҳбари гурӯҳ Кароматулло Раҳимов зикр намуд, ки табъу завқи сокинони ноҳияи Данғара нисбат ба санъати мусиқӣ, шеър ва навозандагӣ қобили таҳсин аст.
«Дар баробари Файз Мадудов, яке аз истиқоматкунандагони деҳаи Ҷартеппаи ноҳияи Данғара даҳҳо нафар сокинони санъатдӯсту фарҳангпарвари деҳу ҷамоатҳои ноҳия шод аз он буданд, ки санъатшиносон ба суроғашон омадаанд», — илова намуд мавсуф.
Ба гуфтаи номбурда, фалак ва шашмақомхонӣ яке аз намудҳои олии ҳунарҳои мардумӣ ба шумор рафта, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара низ маълуманд. «Имрӯз дар миёни мардум шояд садҳо фалакхоне ҳастанд, ки ҳунари онҳоро муаррифӣ бояд кард», — гуфт Кароматулло Раҳимов.
Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дона Баҳром зикр намуд, ки шахсони ҳунардӯст ва ҳунарҷӯе, ки мо дар ин ноҳия вохӯрдем, метавонанд дар рушди санъати миллати тоҷик саҳми бориз гузоранд. «Сафари мо то 11 июл идома ёфта, бо ин мақсад аз ноҳияи Темурмалик низ дидан менамоем», — афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки чунин экспедитсия охирин маротиба солҳои 80-уми қарни гузашта доир шуда, дар ин замина фолклор дар шакли умум ҷамъоварӣ гардидааст.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






