«ХУШ ОМАДЕД БА ДИЁРИ ХУШМАНЗАРАИ ТОҶИКИСТОН!». Донишҷӯи тоҷикистонӣ Азиза Ҷӯраева, ки дар Пекин таҳсил мекунад, ба суолҳои агентии иттилооотии «Синхуа» мухтасар посух дод
ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар ҳошияи иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин- «EXPO-2019» ва бо мақсади муаррифии фарҳанг ва таърихи тоҷикон, имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин — «Синхуа» бо номи «Дар бораи Тоҷикистон аз забони Азиза» маводи видеоӣ таҳия ва нашр карда шуд, ки он ба баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии диёрамон равона шудааст.
Дар он донишҷӯи тоҷикистонӣ Азиза Ҷӯраева ба суолҳои АИ «Синхуа» бо забонӣ чинӣ посух гуфта, оид ба фарҳанг, таърих ва расму русуми миллии тоҷикон ҳикоят мекунад.
Дар зер матни пурра ва худи ин мавод пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
— Лутфан худро муаррифӣ мекардед…
— Салом, номи ман Азиза. Номи чиниам – Тзивэй. Ман аз Тоҷикистон ҳастам. Беш аз як сол аст, ки дар Чин зиндагӣ мекунам.
— Хӯроки дӯстдоштаи Шумо?
— Ман «утка»-и ба таври пекинӣ пухташударо дӯст медорам. Ҳамчунин ба ман хӯрокҳои миллии Синзян хеле маъқуланд.
— Аз таомҳои миллии тоҷикӣ чиро меписандед?
— Воқеан ҳам таомҳои миллии лазизи тоҷикӣ хеле зиёданд, вале бештар палави тоҷикиро дӯст медорам.
— Ба Шумо фарҳанги Чин писанд аст?
— Албатта! Бахусус рақсҳои миллии чинӣ бароям мақбуланд.
— Агар ба Шумо гӯянд, ки беҳтарин нақшу нигори суннатии тоҷиконро ба мардуми Чин муаррифӣ намоед, чиро интихоб мекардед?
— Аз нақшу нигори суннатии тоҷикӣ Либоси миллии тоҷикон Чаканро муаррифӣ мекардам. Таърихи ин либоси қадимӣ 3000 солро дарбар мегирад. Чакан ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
— Бисёриҳо дар бораи Тоҷикистон маълумоти кам доранд. Ба онҳо дар бораи Тоҷикистон мухтасар чӣ гуфтан мехостед?
— Тоҷикистон ба қисмати ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ дохил мешавад, ҳамсоя ва дӯсти Чин аст ва кишвари муҳим дар Шоҳрохи Абрешим маҳсуб меёбад.
— Тоҷикистон барои сайёҳон чӣ гуна мавзеҳои ҷолиб дорад?
— Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва дорои табиати бою зебо мебошад, аз ин лиҳоз ватани мо мавзеъҳои сайёҳии фаровон дорад. Маслиҳат медиҳам, ки сайёҳон ба дидани Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Помир ва дигар ҷойҳои Тоҷикистон раванд.
— Зиндагӣ дар Чин ва дар Тоҷикистон чӣ фарқияти назаррас дорад?
— Фарқияти аз ҳама асосӣ шояд дар тарзи зиндагӣ бошад. Барои мисол, дар Чин бисёр одамони солхӯрдаро метавон дид, ки серҳаракатанд, бо варзиш машғуланд. Шомгоҳон дар кӯчаҳои Чин ғарқи муҳити пиронсолони хушҳол метавон гардид, ки бо ҳам сайругашт ва рақсу бозӣ мекунанд. Ин ба ман рӯҳу илҳом мебахшад.
— Шумо ба дӯстони чинӣ чӣ гуфтанӣ ҳастед?
— Марҳабо ба диёри хушманзараи Тоҷикистон! Добро пожаловать в солнечный Таджикистан!








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






