Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: се нафар аз хатари ғарқшавӣ дар об наҷот дода шуданд
ДУШАНБЕ, 17.07.23019. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафарро аз хатари ғарқшавӣ дар об наҷот доданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ду нафари онҳо мард ва яке зан — сокинони ноҳияҳои Деваштич ва Спитамен мебошанд.
«Ин сокинон дар ҷойи мамнуъ барои шиноварии дарёи Сир дар қаламрави шаҳри Хуҷанд шиноварӣ мекарданд. Онҳо шинокунон аз соҳил дур рафта, намедонистанд, ки дар бозгашт қувваашон барои то соҳил шино кардан намерасад», — омадааст дар иттилоияи КҲФ ва МГ.
Манбаъ афзуд, ки наҷотдиҳандагони навбатдори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд онҳоро фавран ба соҳил бароварданд. Онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад, ки ҷиддан қоидаҳои бехатариву амният дар обро ҳангоми истироҳат риоя кунанд ва кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






