«МОДАР, МАРО БУБАХШ!..». Монологи зане, ки фарзандашро аз роҳ ба сӯи «ҷиҳод» дар Сурия боздоштааст…

Июль 6, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи факултаи забонҳои Шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода Зебунисо ҲАМИДЗОДА монологи модареро навишта, ба унвони АМИТ «Ховар» фиристондааст. Модареро, ки фарзандашро аз роҳ ба сӯи ба ном «ҷиҳод» дар Сурия бозмедорад.

Мо бо ду сабаб қарор додем ин навиштаи хурдро, ки бештар ба жанри новелла қарбат дорад, дар сомона ҷой бидиҳем.

Аввал ин дар бораи Модар то имрӯз дар зовияҳои гуногуни олам аз хонандаи мактаб сар карда то адибони забардасти олам шояд садҳо, ҳазорҳо, миллионҳо шеъру ҳикояву қиссаву достон офарида бошанд, вале боз ҳам кам аст. Тавре Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст: Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид».

Дигар ин ки мавзӯи ин навиштаи кӯчак мавзӯи калон ва доғи имрӯзаи ҷомеаи мост. Имрӯз бар асари бехабарӣ ва бебасарӣ иддае аз ҷавонон ба ифротгароӣ даст мезананд, ба доми тазвири гурӯҳҳои хиёнаткор ва ҷиноятпеша меафтанд, вале волидайн масъулияти худро аз ёд бурда, инони ин тоифаро сари вақт намекашанд ва ононро аз роҳи каҷ бознамедоранд.

Инак, он навишта.

…Ҷигарбандам мехост, ки роҳи Сурияро пеш гирад. Инро аз ман ниҳон дошт, аммо аз чашмонаш эҳсос намудам, ки ба сӯйи торикӣ меравад. Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд, шабҳоро ба дасти субҳ месупоридам. Вуҷудамро тарс иҳота карда буд. Тарси аз даст додани ягона фарзанд бо мурури замон диламро дардманд кард. Аз чашмонам ашк мисоли борони баҳорӣ мерехт…

Рӯзе барои видоъ ба наздам омаду гуфт:

— Модар, дуоям деҳ! Инак вақти рафтан фаро расид…

Дуояш надодам ва илтиҷо намудам, ки аз канорам дур наравад. Аммо ӯ як қадам ба тарафи дар ниҳод. Фарёдзанон бо дидагони пур аз ашк гуфтам:

— Бозгард! Бозгард! Бозгард, ки пас аз ту ҷаҳони модарат тира хоҳад гашт. Пас аз ту баҳори умрам барои ҳамеша хазон мешавад. Маро ва орзуҳои нoшукуфтаи худро нобуд макун. Агар дар ин роҳ қадами дуюматро бигузори ту қотилӣ ва ҳаргиз шири додаамро ҳалолат намекунам. Ҷигарбандам, боре биандеш, ки ба куҷо меравӣ? Барои дур намудани кӯдаке аз падару модараш ё барои хонаи дигареро вайрон кардан?! Туро барои он ба воя расонидам, ки боиси ифтихорам шавӣ… Медонам, ки хоҷагони бегона туро аз ман ва диёрат дур карданиянд. Онҳо одам нестанд, ҳайвоне ба сурати инсониятанд. Ҳеҷ медонӣ, ки баробари рехтани ашки бесарпаноҳе Осмон гиря мекунад… Замин меҷунбад…

Чанд дақиқае миёни мо сукути ҷонкоҳе ҳукмрон гашт. Осмонро абрҳои сиёҳ пахш намуд. Садои раъду барқ то мағзҳои устухонам расида буд. Аммо ҳамоно фарзандам хомӯш дар каноре менишаст… Борон бо бориданаш гӯё ҳарфҳои зери лаб шахшудаи маро мегуфт. Ба само нигариста, дубора ба сухан даромадам…

— Ин абрҳои сиёҳ, ки инак саморо фаро гирифтаанд, шабеҳи дили модари ту ҳастанд ё ҳамон ашкҳоеанд, ки  кӯдакони бесарпаноҳи Сурия дар орзуи сулҳ мерезанд. Вақте хурд будӣ, боре гунҷишки мурдаеро дидиву ашк аз чашмонат ҷорӣ шуд. Аз он рӯз фаҳмидам, ки ҳатто муреро озор намедиҳӣ.

Ба писарам нигаристам, ки бо дастонаш ашкҳояшро тоза мекунад ва зери лаб мегӯяд: «Модар, маро бубахш…».

Бо шунидани ҳарфҳои ӯ дилам ба зиндагӣ гарм шуд. Ба лабонам дубора ханда омад. Худ ба худ гуфтам: Худоё чӣ хушбахтам, ки порае аз ҷигарам суханҳои маро шунид!

Инро медонистам, ки дар дунё ҳеҷ қуввае наметавонад фарзандро аз модар дур кунад. Оре, инак ӯ дар наздам буд ва маро ба оғӯш мегирифт.

Чӣ лаҳзаест нотакрор… Гӯё мисоли парандагони ҳаво дар парвозам, ки писарамро аз ин роҳ боздоштам. Нагузоштам, ки ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар гузорад. Ӯ бо чашмони пур аз ашк ҳамоно илтиҷо мекард:

«Модарҷон, ифтихор мекунам, ки туро дорам. Модаре, ки дирӯзу имрӯзу фардои хешро фидои ман кардааст. Мане, ки лоиқи муҳаббати беканори ту нестам. Маро бубахш, модар…».

Беихтиёр гиря гулугирам мекунад ва ӯро сахт ба оғӯш мегирам…


Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи соли 2юми факултаи забонҳои
Шарқи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

 

Аз муаллиф:

Имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон мо ҷавононро водор мекунад, ки зиракиву ҳушёрии сиёсии хешро аз даст надиҳем. Мо ҷавонони зодаи Истиқлол беҳтарин ва хушбахтарин насли сайёра ҳастем. Ин лаҳзае, ки дар боло овардам танҳо аз шунидаву дидаҳоям (тавассути васоити ахбори омма) аст, ки бо қалам тасвир намудам. 

 

Июль 6, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин