«Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор мегардад

Июль 16, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар кори конфронс роҳбарон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ,  корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, инчунин олимон, коршиносон, аспирантҳо  ва магистрантҳо иштирок менамоянд.

Дар конфронс масъулини соҳа  ва коршиносон дар мавзӯи мавриди назар маърӯза мекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки  дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш ва мониторингҳое, ки аз ҷониби мутахассисону  коршиносони соҳа  гузаронида шуд,  маълум гардид, ки  дар ҷумҳурӣ тайи панҷ соли охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ  тадриҷан коҳиш меёбад. Ҷараёни  муҳоҷирати меҳнатӣ  соли 2018 дар  муқоиса  ба ҳамин давраи соли 2017  3 ҳазору 581  нафар (ё 1%) ва нисбат ба соли 2013  315 ҳазору 522 нафар (ё 39,5%) камтар шудааст. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан соли 2018  424 ҳазору 490 нафарро ташкил дод, ки аз хусусияти мавсимӣ доштани муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.

Аз натиҷаи татқиқоти сотсиологие, ки байни муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, маълум мегардад, ки  вазъи будубош ва  фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар мегардад.

Тавре масъулин иброз доштанд, яке аз сабабҳои коҳиши  раванди муҳоҷирати меҳнатӣ –ин дар мамлакат таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолист, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар ин самт  маҳсуб мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамкорӣ бо  давлатҳои асосии  қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия  ва Ҷумҳурии Қазоқистон  тақвият ёфта, соли 2018 масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои мухталифи муҳоҷирати меҳнатӣ бо ин кишварҳо дар 7 ҷаласаву вохўриҳо, нишастҳои сатҳи баланд ва гурўҳҳои кориву коршиносон баррасӣ  гардиданд.

Июль 16, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид