Санъат Раҳим: «Зиёда аз 120 нафар шахсони масъули корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд»

Июль 16, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон 121 нафар шахсони масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар ин бора имрӯз, 16 июл сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат  Раҳим зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  мавсуф зикр намуд, ки шахсони мазкур ба маблағи зиёда аз 233 ҳазору 700 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.

«Ин нафарон асосан роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳо буда,  бинобар  риоя накардани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии бехатарии саноатӣ, наандешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба пешгирӣ ва рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок нисбат ба онҳо чунин тадбир андешида шуд», — илова намуд Санъат Раҳим.

Ба гуфтаи мавсуф, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳбарон ва шахсони масъули корхонаву ташкилоти зеризаминӣ зиёда аз 133 нишондод пешниҳод гардидааст, ки аз ин шумора 31  адад оид ба боздошти фаъолият мебошад.

«Имрӯз дар Хадамот бештар аз 2 ҳазору 250 корхона ва 10 ҳазор иншоот ба қайд гирифта шудаанд»,- гуфт Санъат Раҳим.

 

Июль 16, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд