Шаш паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Загреб иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 июли соли равон дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2019» баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур иштироки 635 нафар варзишгар аз ҷумлаи 376 мард ва 258 зан аз 90 кишвари сайёра дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ 6 паҳлавони шинохта- Хаёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд. Зимнан, мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2019», ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад, то соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар «Zagreb Grand Prix 2019»:
- Ҷабборов Хаёмиддин- 66 кг
- Сомон Маҳмадбеков- 73 кг
- Беҳрӯзи Хоҷазода- 73 кг
- Акмал Муродов- 81кг
- Комроншоҳи Устопириён- 90 кг
- Темур Раҳимов +100кг








ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид






