Шавкат Шоимзода: муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз»: Ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба андозаи 70 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид шудааст

Июль 16, 2019 16:47

ДУШАНБЕ, 16.07.2019./АМИт «Ховар»/.  Аз аввали соли равон    Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Узбекистон наздики 70 миллион метри мукааб гази табиӣ  харидорӣ намудаст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора муовини аввали  Директори генералии  ҶСК»Тоҷикстрансгаз» Шавкат Шоимзода зимни нишасти матбуотӣ  хабар дод.

Шавкат Шоимзода зикр намуд, ки  дар ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ гази табиӣ ворид шудаст. Ӯ  илова намуд, ки давоми соли гузашта, вақте ки моҳи апрел интиқоли гази табиӣ аз Узекистон барқарор шуд, ба Тоҷикистон наздики 54 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд.

Ба гуфтаи Шоимзода истеъмолгарони асосии гази табиии Узбекистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Узбекистон соли гузашта, пас аз шаш соли таваққуф дубора ба Тоҷикистон интиқоли гази табииро шурӯъ намуд.

ҶСК «Тоҷиктрансгаз» аввали имсол  тасмим гирифта буд, ки   аз  Ҷумҳурии ҳамсояи  Узбекистон дар ҳаҷми 200 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки айни замон даҳҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла Ширкати алюминийи тоҷик (ТАлКО) ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе  аз гази табии кишвари ҳамсоя  истифода менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» имсол 60-сола мешавад. Он соли 1959 таъсис ёфтааст. Маҳз аз ҳамон сол таъмини сартосарии аҳолии Тоҷикистон бо гази табиӣ шуруъ гардида буд. Соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» табдил дода шуд.

Июль 16, 2019 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид