ШУМО ПУРСИДЕД…Хурофот чист ва чӣ маънӣ дорад? Оё он бо дин тавъам аст?

Июль 9, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 08.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Инсон, ба қавли Суқрот, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш, дар пайи  донистану дарк кардани  ашё ва ҳодсаҳо бошад, кӯшиш намояд, ки дар худ хислатҳои некро парвариш диҳад. Аз ин лиҳоз, агар инсон надонад, ки ин ё он чиро намедонад, айб аст. Вале агар донад, ки намедонад ва бипурсад, айбе нест.

САВОЛ: Хурофот чист ва чӣ маънӣ дорад? Оё он бо дин тавъам аст?

                                                                   Хушанг ҶУМЪАЕВ, 
донишҷӯи курси чоруми факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.С. Осимӣ

 ҶАВОБ: Биёед аввал бубинем, ки «хурофот» чист. Дар китоби дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Нашриёти «Советская энсиклопедия, Москва, 1969), ки  луғати  тафсирии забони классики тоҷикист ва тақрибан 45 ҳазор калимаю ибораро дарбар гирифта, дар вақташ аз тарафи Академияи илмҳои Тоҷикистон зери назари донишмандону адибони  забардасти мо тартиб дода шудааст, дар мавриди мафҳуми «хурофот» чунин омадааст: «Сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос».

Албатта намешавад гуфт, ки хурофот ва дин як чизанд ё ба ҳам тавъаманд. Ҷанбаи муҳимтарини ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини Ислом ахлоқ аст.  Вақте ки аз Муҳаммад пайғамбар мепурсанд, ки дин чист? Дар ҷавоб мегуяд: «Ахлоқи ҳамида аст». Ахлоқ аз масъалаҳои муҳими илм ба ҳисоб меравад ва бо сиёсат, ҳуқуқ, санъат, фалсафа, дин барин шаклҳои шуури ҷамъиятӣ зич алоқаманд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд,, ки гузаштагони мо бо дастовардҳои арзишманди илмиву ахлоқии худ дар тӯли садсолаҳо ба рушди маънавии башарият саҳми беназир гузоштаанд.

«Дар ин самт, омӯзиши таълимоти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ва дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик — Муҳаммад ал-Бухорӣ, Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯҳакими Самарқандӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мотуридии Самарқандӣ ва дигарон, ки дар рушди илму ирфон ва донишу фалсафаи башарӣ ҳиссаи арзишманду бебаҳс гузоштаанд, бисёр муҳим мебошад», — гуфтанд Сарвари давлаит 12 майи соли 2018 дар мулоқот  бо аҳли ҷомеи кишвар.

Вале хурофот аз боварии кӯркӯрона ба бофтаю сохтаҳо дар атрофи аҳкоми динӣ низ пайдо мешавад, ки онро хурофоти динӣ маноманд. Иддае аз аъзои ҷомеаи мо, мутаассифона, имрӯз гирифтори хамин гуна хурофот гардидаанд, ки ба рушди инсон, инкишофи илму техника ва пешрафти соҳаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонад.

Таваҷҷуҳ кунед ба порае аз мақолаи Ҷамолиддин АБДУКАРИМОВ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Муаллиф дар он ба  ин савол посух  медиҳад:

«Хурофот дар аксари маврид мардумро гирифтори худ сохта,   барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешавад. Аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот чизест, ки исбот нашуда, бештар бофтаву сохта аст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмӯи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Аз ин лиҳоз, хурофотпарастӣ аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат буда, ақоиду боварҳое, ки онҳоро шахси хурофотпараст пайравӣ мекунад, ба дараҷаи фарҳанг ва фаҳмишу дониши он ҷомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, ҳеҷ қаробату иртиботе надоранд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ оид ба решаҳои таърихии пайдоиши мафҳуми «хурофот» маълумоти зиѐд мавҷуданд. Масалан, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар «Муснад»-и хеш чунин овардааст, ки Бани Узро ном қабилаи араб дар давраи ҷоҳилият (пеш аз ислом- А.Ҷ.) офтобро парастиш менамудаанд. Рӯзе Хурофа ном шахсро аз қавми мазкур ҷинҳо ба манзили худ гирифта мебаранд. Чун ба манзили худ мерасад, Хурофа (Хурофот) дидаву мушоҳидаҳои хешро доир ба ҳаёти ҷинҳо ба мардум нақл мекунад. Аммо мардум ба гуфтаву бофтаҳои ӯ бовар намекарданд. Бинобар ҳамин мардум агар ягон сухани берун аз шуури инсонро шунаванд, мегуфтанд, ки «ин ба суханҳои Хурофа монанд аст», яъне хурофот аст.

Хурофот, нодонӣ, макру ҳиял, ҷаҳолатро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкоми аркони ислом, шариат ва Расули Акрам маҳкум менамоянд ва онро қабул надоранд.

Вале хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат,   ҷоҳилии одамон сар мезанад. Он аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад низ пайдо мешавад. Хурофот ин боварӣ ба чизи беасос ё ғайриилмӣ дар мавриди ашё ва нақши падидаҳо дар ҷаҳон аст, ки ин боварӣ дар асоси тақлид шакл гирифта, одатан бо манфиатҳо пайваста аст. Бинобар ин хурофот бо муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст. Аз ин ҷо, хурофот боварӣ ба қувваи фавқулоддаи сеҳромозест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардида, тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст…».

 ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ, аз бахши мо — «Пурсед, ҷавоб медиҳем» истифода намоед. Ин бахш ба Шумо имкон медиҳад, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон аз роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷавобҳои мушаххас гиред. Саволҳои худро метавонед ба воситаи почтаи электронии зерин ирсол намоед: vopros-otvet@khovar.tj

Пурсед, ҳатман ҷавоб медиҳем!

Июль 9, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд