Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд

Апрель 23, 2026 13:20

ТУРСУНЗОДА, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии намояндагони  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳр баргузор гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ«Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  иттилоъ доданд.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Балаҷон Идрисзода дар хусуси таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа, нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, титбиқ ва риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва мавқеи Суди конститутсионии Тоҷикистон дар ҷомеа сухан гуфт.

Дар ҳамоиш дар бораи роҳҳо ва усулҳои пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаҳо баён шуданд. Гуфта шуд, ки тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории зич бо оила, ҷомеа, фаъолон ва муассисаҳои таълимӣ метавонад сатҳи чунин хатарҳоро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ҳамзамон баланд бардоштани маърифати динӣ ва шинохти дурусти арзишҳои миллӣ метавонад ҷавононро аз таъсири идеологияҳои бегона ҳифз намояд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки аксар ташкилоти террористӣ барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз эътиқоди динии шаҳрвандон суиистифода карда, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд ва аз роҳи илму дониш дур месозанд. Ҳол он ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот ва бофтаҳои баъзе диндорони камсавод равона шудаанд. Дар чунин шароит бояд шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонон зиракиро аз даст надода, худро аз чунин гурӯҳҳо дур нигоҳ доранд ва ҳамеша дар фикри ободу зебо гардонидани Тоҷикистон бошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 23, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Оид ба татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид