МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд.
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, шиддат гирифтани рақобат байни абарқудратҳо, гузариш аз низоми ҷаҳони якқутба ба бисёрқутба, афзоиши нуфузи қудратҳои минтақавӣ, заиф гардидани мавқеи созмонҳои байналмилалӣ – ин ҳама сабаби пайдоиши омилҳои номатлуб, ба монанди терроризм ва экстремизм гардида метавонанд. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд.
— Дар замони муосир терроризм ва экстремизм вобаста ба раванди рушди босуръати технологияҳои муосир дар фазои иҷтимоӣ-иттилоотӣ бо қолабҳои мухталиф нуфуз пайдо намуда, барои амну суботи устувори давлатҳо хатару таҳдид эҷод мекунад. Воқеан, терроризм ва экстремизм бо тарзу усулҳои гуногун кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳонро ба кишварҳои ҷангзада табдил доданд. Аз ин лиҳоз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳида бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун бар зидди чунин омилҳои номатлуби замони муосир мубориза мебаранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар радифи дигар кишварҳои олам муқовимат ба терроризм ва экстремизмро ҳадафи асосӣ дар самти таъмини амнияти мамлакат, минтақа ва ҷаҳон қарор дода, дар ин ҷода чораҳои мушаххасро тарҳрезӣ менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, ҳифзу нигоҳдошти сулҳ ва мубориза бар зидди ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ масъалаи ҳаётан муҳим маҳсуб мешуд. Дар ин раванд ҳаракату гурӯҳҳои террористию экстремистии навтаъсис амалҳои тахрибкоронаи худро дар мисоли ноором сохтани вазъи сиёсӣ, амалӣ намудани амалҳои террористӣ нисбат ба ходимони сиёсиву давлатӣ, илмию фарҳангӣ, кормандону намояндагиҳои ташкилоту созмонҳои хориҷӣ, сайёҳони хориҷӣ, гирифтани гаравгонон, нобудсозии инфрасохтори ҳаётан муҳим ва ҷалби шаҳрвандон ба сафи созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ амалӣ намуданд. Илова бар ин, гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз холигии бавуҷудомадаи идеологӣ, буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин шиорҳои дорои хусусияти динию ифротгароӣ истифода намуда, ҷомеаи ноогоҳро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм нақши муҳими таърихӣ бозид. Дар иҷлосия оид ба таъсис додани Қувваҳои мусаллаҳ ва тақвияти мақомоти қудратӣ барои таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди ҳаракату гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, қувваҳои харобкор ва барқарории сохти конститутсионӣ дар кишвар моҳи декабри соли 1992 қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Боиси тазаккур аст, ки хишти аввали поядевори сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм маҳз дар ҳамин давра гузошта шуд, ки дар солҳои баъдӣ такмилу таҳким ва рушд ёфт. Чунки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ норасоии кадрҳои сатҳи баланди соҳавӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қувваҳои мусаллаҳ ва сарҳади осебпазири кишвар, ки боиси вуруди яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, инчунин гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида буд, аз мушкилот ва монеаҳои асосӣ дар самти мубориза бар зидди неруҳои харобиовар ва даҳшатфикан ба шумор мерафтанд.
Дар ҳамин давраи ҳассос 6 ноябри соли 1994 ҳуҷҷати сарнавиштсоз — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар ташаккули ҳуқуқии муқовимат бо зуҳуроте, чун терроризм ва экстремизм заминаи устувор гузошт. Яъне меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун монеаи ҳуқуқӣ садди роҳи фарогиршавии идеологияҳои зуҳуроти номатлуб гардида, барои қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ дар солҳои минбаъда шароити мусоид фароҳам овард.
Боиси тазаккур аст, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин ба имзо расид. Имзои Созишнома яке аз нодиртарин таҷрибаҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои пешгирии паҳншавии терроризму экстремизм маҳсуб мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон тавонист мухолифинро ба ҳаёти осоишта ҷалб намояд ва гурӯҳҳои террористии оштинопазирро маҳв созад.
Илова бар ин, дар охири солҳои 90-уми асри ХХ ва ибтидои асри XXI барои пешгирии фаъолияти созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, вазъи ноороми кишвари ҳаммарзи Афғонистон, инчунин мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардид:
— Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» дар таҳрири нав аз 23 декабри соли 2021;
— Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”дар таҳрири нав аз 2 январи соли 2020;
— Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, аз 28 марти соли 2006;
— «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020» аз 12 ноябри соли 2016;
— Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, аз 5 марти соли 2018;
— «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз 1 июни соли 2021.
Бо мақсади муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, рушди ҳамкории сарҳадӣ барои пешгирӣ аз воридшавии ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ, муборизаи муштарак дар самти маблағгузории терроризм, тадбиру чорандешӣ аз истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва технологияи муосир барои фаъолияти тахрибкоронаи террористӣ ва экстремистӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2018 дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе Конференсияи сатҳи байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез” баргузор гардид. Он ба ибтикороти муҳимми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Раванди Душанбе” замина гузошт. Имрӯз “Раванди Душанбе” муаррифи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти таъмини амну суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳхоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад.
Бояд гуфт, ки ташвиқу тарғиби худшиносиву худогоҳии миллӣ дар заминаи эҳёи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои муосир ба хотири пешгирӣ аз хурофоту таассуби динӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву фарҳангӣ ва нақши занон дар ҷилавгирии ҳамроҳшавии фарзандон ба ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ аз ибтикорот ва дастурҳои бамавриди Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дар марҳалаи муосири рушди давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамчун сипари боэътимод дар самти пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи террористӣ ва экстремистӣ нақши муассир дорад. Шахси худшинос ва худогоҳ арзишҳои аслии миллиро аз идеологияи бегонаву сохта ва тахрибкор фарқ карда метавонад. Заминаи устувории равонӣ ва дарки баланди мансубият ба миллати бузурги дорои таърихи куҳан имкон намедиҳад, ки ҷавонон зери таъсири идеологияи террористӣ ва экстремистӣ қарор бигиранд. Такя ба тарғиби забони давлатӣ аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ-аҷдодӣ, дар мисоли ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада, ки ҳамчун василаи таъмини амнияти идеологии кишвар ба шумор мераванд, намегузоранд ҷомеаи имрӯза фирефтаи идеологияи бегона гардад.
Воқеан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ заминаи асосии пайвастани намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат ба сафи созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро на танҳо буҳрони иқтисодӣ, инчунин надоштани саводи кофии дунявӣ, динӣ ва нодониву ҷаҳолат ташкил дод. Маҳз хуруфот ва ҷаҳолат амнияти миллиро зери хатар мегузоранд. Бинобар ин унсури муҳими истодагарӣ бар зидди хуруфот ва ҷаҳолат, ки сарчашмаи экстремизм ва терроризм мебошанд, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва илмомӯзӣ маҳсуб мешаванд.
Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маърифат» (2020-2040) аз иқдоми муассир мебошанд. Зеро нақши илмҳои дақиқ дар таҳлилу хулосабарории мантиқӣ ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, муқовимат бар зидди кибертерроризм, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани таблиғоти террористӣ ва экстремистӣ дар фазои маҷозӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Барои ҷалби наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, тарбияи кадрҳои лаёқатманд, ташаккули насли дорои тафаккури созанда ҳамасола озмунҳои сатҳи давлатӣ гузаронида мешаванд, ки ҳамчун стратегияи бисёрсамтаи давлатӣ дар таъмини амнияти устувори миллат ва рушди ояндаи давлат нақши муассир доранд.
Метавон хулоса намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон модели хоси худро дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм таҳия намуд, ки дорои омехтаи тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ мебошад. Имрӯз зарур аст, ки ҳар шаҳрванди худшиноси мамлакат сиёсати дохилию хориҷии пешгирифтаи Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ саҳм гузорад.
Акбар САЛИМОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила






