Сума Чакрабарти бо намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон мулоқот намуд

Июль 1, 2019 16:34

ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии  молиявии Бонки  аврупоии таҷдид ва  рушд  /БАТР/ 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои  энергетика,  нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ  ба маблағи 521,7 миллион доллари амрикоӣ  мавриди татбиқ қарор доранд. Ин нукта дар вохӯрии  Президенти   БАТР Сума Чакрабарти бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони тоҷик, ки имрӯз дар Душанбе  доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ медиҳад.

Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода   Президенти БАТР Сума Чакрабартиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷдид ва рушд яке аз шарикони  асосӣ ва боэътимод маҳсуб ёфта, дар зарфи 27 соли ҳамкорӣ  дар рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми чашмрас мегузорад.

Зикр гардид, ки БАТР аз соли  1993 дар Ҷумҳурии Тоҷкистон фаъолият дошта, самти фаъолтияти он асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо неруи барқ, идоракунӣ ва сарфаи неруи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои  коммуналӣ ва рушди соҳаи нақлиёт нигаронида шудааст.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо БАТР дар Тоҷикистон  маҷмӯи лоиҳаҳои  амалкунанда ва анҷомёфта беш аз 840 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 585 миллион доллар ба бахши давлатӣ ва  беш аз 260 миллион доллар ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ равона карда шудааст.

Инчунин аз ҷониби БАТР маблағгузории 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи беш аз 290 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Июль 1, 2019 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст