Таэквондочии ҷавони тоҷик Муниса Ойматова дар Корея соҳиби медали тилло гардид

Июль 17, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарбонуи ҷавони тоҷик  Муниса Ойматова оид ба таэквондо WTF    дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кумингёнг (G-1) соҳиби  медали тилло гардид. Дар ин бора  раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида,  17 июли соли равон  ба анҷом расид.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон, Муниса Ойматова дар қувваозмоии вазни 49кг миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф гардид.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар Мусобиқаи байналмилалии таэквондо «Chuncheon Korea Open G-2»  сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд. Муниса Ойматова дар он мусобиқа низ  сазовори медали нуқра шуда буд.

Июль 17, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад