ТАМУЗИ* ТОБИСТОН! Моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои гарму тафсон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 06.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешбиниҳои мутахассисони Маркази обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи июл дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво гарму тафсон боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои номбурда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво давоми моҳ дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба 35-40 дараҷа мерасад. Дар ҷануби вилояти Хатлон 42-43 дараҷа гармӣ дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ рӯзона аз 28 то 33 ва дар баъзе минтақаҳо то 35 дараҷа мерасад.
Дар ин моҳ боришоти зиёд пешгӯӣ намешавад. Танҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ аз меъёри муқаррарӣ каме бештар борон меборад меборад,- мегӯяд Фаридун Аҳмадзода.
Ба зикри сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тибқи пешбиниҳои дарозмуддат моҳи июли имсола на он қадар гарм шуда, мувофиқ ба моҳи июли соли 2004 мебошад.
Давоми моҳи июл ҳангоми ноустувор шудани ҳаво шамол шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шиддати шамол дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 17-22 метр дар як сония мевазад.
Мувофиқи иттилои муттахассисони соҳаи тандурустӣ, гармии зиёд ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсири худро мерасонад. Аз ин сабаб ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони мамлакат тавсия дода мешавад, ки дуру дароз зери шуоъҳои баланди офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонанд ба бемории гармозадагӣ гирифтор шаванд. Инчунин дар ҳавои гарм зери шуои офтоб зиёд истодан ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо ва дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.
Ҳамчунин мутахассисон иброз медоранд, ки ҳарорати баланди ҳаво барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аз ин рӯ аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво аз соати 11:00 то 17:00 бе зарурат дар берун сайругашт накунанд.
*Тамуз дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (иборат аз ду ҷилд, Москва, 1969) чунин тафсир ёфтааст: 1. Моҳи даҳуми сурёнӣ, ки ба моҳи июл рост меояд. 2. Тобистон; гармои тобистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






