Тоҷикистон давраи раёсаташ дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА-ро натиҷагирӣ кард
ДУШАНБЕ, 25.07.20219./АМИТ «Ховар»/. 24 июли дар Вена иҷлоси хотимавии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода ширкат кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ хабар медиҳад.
Зимни суханронии худ Муовини вазир натиҷаҳои пешакии раёсати кишвар дар FSC, яке аз ду ниҳоди тасмимгирандаи САҲА-ро, ки фаъолияти доимоамалкунанда дорад, муаррифӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки раёсат дар Форуми мазкур як марҳалаи муҳим ва таҷрибаи пурсамар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, дар ин давра кишвари мо ҳамеша бар пояи принсипҳои ҷории Форум – баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва тавозун амал намудааст. Дар баробари ин Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додааст, ки иқдомоти Форум ҷиҳати таҳкими минбаъдаи меъёрҳои таъмини назорат дар соҳаи низомӣ-сиёсӣ идома дода шавад.
Тайи чор моҳи ахир барномаи Раёсати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои маъмулии рӯзномаи FSC, аз қабили чолишҳо дар таъмини амният дар марзҳо, мудирияти силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳиммоти маъмулии низомӣ, поксозӣ аз минаҳо ва мусоидати кишварҳои САҲА дар татбиқи қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ 1540 ва 1325 амалӣ гардид. Илова бар ин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва созмонҳои минтақавӣ аз қабили СҲШ, СААД, МҲТБО ва Иттиҳоди Аврупо бо таъкид ба нуктаҳои муштараки равобити онҳо дар Осиёи Марказӣ дар барномаи мазкур мавқеи хос доштанд.
Зимни суханронӣ дар иҷлос раиси FSC, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар изҳор дошт, ки дар давраи раёсати кишвар 10 нишасти умумӣ, 7 муколама оид ба масъалаҳои амниятӣ, 1 нишасти муштараки FSC ва Шурои доимии САҲА, 10 мулоқоти кории гурӯҳи «сегона» ва 7 иҷлоси гурӯҳҳои кории FSC баргузор гардиданд. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлоси 8-уми солонаи баррасии раванди татбиқи Кодекси рафтори САҲА ва иҷлоси сеюми кории Конфронси солонаи шарҳи масъалаҳои амниятӣ дар соли 2019 бомуваффақият баргузор гардиданд. Ду қарори FSC, ки дорои хусусияти ҳатмии сиёсӣ мебошанд, қабул гардиданд.
Бо даъвати раёсати Тоҷикистон 19 намояндаи воломақом аз ҳукуматҳо, созмонҳои минтақавӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносон аз Бишкек, Брюссел, Вашингтон, Дублин, Душанбе, Мадрид, Минск, Москва, Нур-Султон, Ню-Йорк ва Пекин ба қароргоҳи САҲА, шаҳри Вена сафар карда, дар муколамаҳо оид ба масъалаҳои амниятии FSC ба сифати суханварони калидӣ гузоришҳо ироа карданд. Ба раёсати Тоҷикистон муяссар гардид, ки бори нахуст ба кори Форуми мазкур дар як вақт роҳбарони шаш созмони минтақавиро ҷалб намуда, ба онҳо ҷиҳати мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо роҷеъ ба таҳкими муколама бо САҲА дар Осиёи Марказӣ шароит фароҳам оварад.
Барномаи раёсати Тоҷикистон, ба вежа тамаркузи он ба масъалаҳаи амниятии Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баҳои баландро сазовор шуд. Дар иҷлос намояндагони ҳайатҳои Арманистон, Афғонистон, Беларус, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Словакия, Ӯзбекистон, Финландия/Иттиҳоди Аврупо, Чехия ва Швейтсария бо ҷонибдорӣ аз барномаи раёсати кишвар суханронӣ намуданд.
Қабл аз анҷоми ҷаласа Намояндаи доимии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар фазои тантанавӣ рамзҳои раёсати FSC-ро ба раиси ояндаи Форум — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Чехия дар САҲА Иво Шрамек супорид.








Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Ню-Йорк нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид






