Тоҷикистон ва Қазоқистон солҳои оянда гардиши молро ба 2 миллиард доллар расонданианд
ДУШАНБЕ, 18.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки дар се –чор соли оянда гардиши молро байни ду давлат ба ду миллиард доллар расонанд. Табодули мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон соли гузашта 8,2 % афзоиш ёфта, 900 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳаҷми интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ байни ду давлат 2,9 баробар афзуда, марзи беш аз 16 миллион тоннаро убур намуд.
Ин нишондоди оморӣ дар ҳолест, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. Дар кори он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистону Қазоқистон иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев ва раиси Раёсати Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Аян Еренов доир ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози назар намуда, баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистонро дар шаҳри Душанбе қадами ҷиддӣ дар самти тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду давлат маънидод карданд.
Дар ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва тавсеаи робитаҳои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардиданд. Инчунин иштирокдорони ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон ҷалби сармояи мустақими Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими равобити мустақими доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ду давлат, таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт барои коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо назардошти содирот ба бозорҳои Қазоқистон, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди ғалла ва содироти маҳсулоти он ба хориҷи мамлакатро аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ намуданд.
Дар ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз 20 ширкату корхонаҳои тавлидотӣ соҳаҳои хӯрокворӣ, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, металлургия, кимиё, кишоварзӣ, тиб, фармасевтикаи Қазоқистон намояндагӣ карданд. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон инчунин имконият ва зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ҳар ду давлат муаррифӣ гардиданд.
Дар доираи ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон вохӯрии соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли B2B доир гардида, қарордҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки чанде қабл дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 санад ба имзо расонида шуд, ки онҳо ба таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»












КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






