ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори тамрин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд

Август 27, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни  28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори тамрин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он  Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд. Тавре аз Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 оғоз гардида,  дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расид.

Зимни шиносоӣ бо маҷмааи ҳавзи шиноварӣ таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ  рушд намудааст. Имрӯз  барои машғул шудан ба машқ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, фармоишгари ҳавзи шиноварӣ идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ ҶДММ «Идораи сохтмони №5» мебошад.

Иншооти мазкур  бо харҷи 7 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи зарурӣ бунёд ёфта, аз 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори машқ барои дӯстдорони каратэ -до –ҷундокан  иборат мебошад.

Иншооти мазкур дуюмин ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, барои қонеъ кардани талаботи сокинони шаҳр ва атрофи он пешбинӣ шудааст. Гармидиҳии бино низ ба талаботи замони муосир чавобгӯй мебошад.  Ҳарорати  он дар фасли сармо бо се дастгоҳи гармидиҳанда муътадил нигоҳ дошта мешавад.  Инчунин  барои иваз ва нигоҳ доштани ҳарорати оби ҳавзҳо низоми махсус амал мекунад.

Дар  корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ 50 нафар сохтмончӣ ҷалб гардида,  пас аз ба истифода додан  20 нафар бо ҷои  кори доимӣ  таъмин гардиданд.

Атрофи ҳавзи шиноварӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 900 метри мураббаъ мумфарш карда шудааст.

Бояд гуфт, ки ин ҳама ташаббусҳои созанда дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида мешаванд.

Август 27, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд