Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд
ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Тайи чор рӯз-аз 12 то 15 август лагери тобистонаи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мизбони 80 нафар ҷавонони 17-18-сола аз саросари Тоҷикистон гардид. Лагери мазкур дар доираи лоиҳаи «Шараф ва ҳуқуқ» /USAID/ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират /СБМ/ созмон дода шуд.
Лагери тобистона ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон бахшида шуда, ҳадафаш шинос намудани ҷавонони тоҷик бо масоили ҳуқуқи инсон, савдои одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, зарурат ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи онҳо мебошад.
«Ин лагер ба ҷавонон имкон фароҳам овард, то фаҳмиши худро доир ба савдои одамон боло бурда, дар маҷмӯъ оид ба масъалаи муҳоҷират тасаввуроти худро мукаммал гардонанд. Ин ибтикор ба мисли тамрин буд – ҷавонон дар радифи такмили андешаронӣ дар ҷамъият донишҳои зарурӣ омӯхта, ба зиндагӣ омода мегарданд»,- мегӯяд Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка.
Бояд тазаккур дод, ки муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои умдатарини СБМ буда, он ду даҳа инҷониб ба Ҳукумати Тоҷикистон дар тақвияти иқтидораш барои муқовимат ба савдои одамон ва ҳимояи онҳо мусоидат менамояд.








Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид






