Ҷавонони шаҳри Норак ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват карда шуданд- бардошт аз ҳамоиш
НОРАК, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва фаъолҷавонони корхонаву муассисаҳои шаҳр мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Илҳом Файзуллозода иштирок намуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҳамоиш масъулин вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, риояи қонунҳои амалкунанда, омӯзиши илмҳои муосир ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мазҳабҳои бегона, гиромӣ доштани фарҳанги миллӣ, аҳамияти ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки соли равон аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар доираи амалигардонии нақшаи «Нақши волидайн дар тарбияи фарзанд» бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» ва Ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» 30 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар истироҳатгоҳи «Чашма» ба таври ройгон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд.
Дар робита ба ин иштироккунандагони ҷамъомад оид ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон ибрози назар намуданд.
Зимни ҳамоиш ҷавонони шаҳри Норак даъват карда шуданд, ки ба истиқболи ҷашни миллӣ-28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободкориро ба роҳ монда, ватандӯсту хештаншинос бошанд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






