АЗ ДУШАНБЕ ТО НАЙРОБИ. Тоҷикистону Кения муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар шаҳри Ню-Йорки ИМА маросими имзои Баёнияи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кения баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Кения Намояндаи доимии он дар СММ Лазарус Омбаи Амайо имзо карданд.
Хотиррасон менамоем, ки Ҷумҳурии Кения яке аз давлатҳои бомаром рушдёбанда ва дорои калонтарин дар Африкаи Шарқӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ буда, бо бандарҳои баҳрӣ, қаҳва ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ҷангалзарҳои бепаҳно, ҳайвоноти нодир ва манзараҳои кӯҳистони худ машҳур аст. Номи давлат – Кения аз забони масайӣ ба тоҷикӣ «Кӯҳи сафед» тарҷума мешавад.
Ҷумҳурии Кения 12 декабри соли 1963 истиқлолияти давлатӣ ба даст овардааст ва пойтахташ шаҳри Найроби мебошад.








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






