Бозиҳои аввали даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Август 23, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои  аввали  даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 доир гардиданд. Дар ин давр дастаҳои пешсафи Лигаи олӣ- «Истиқлол»-и  Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд  тавонистанд дар сафар пирӯз шаванд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ,  дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе    дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро  бо натиҷаи 1:2 мағлуб кард. Дастаи  футболи «Хуҷанд»  бар дастаи «Хатлон»–и Бохтар бо ҳисоби   0:2  ғолиб омад.

Дар бозиҳои дигари  ин давр дастаҳои   КМВА «Помир» бо  «Регар-ТадАЗ»   бо ҳисоби  мусовии  1:1 ва  дастаи  «Ҳулбук»   бар дастаи «Дӯстӣ»  бо ҳисоби   2:1  дастболо шуданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

Даври 1/4 ниҳоӣ. Бозиҳои аввал

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 0:2

«Эсхата» – «Истиқлол» – 1:2

КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1

«Ҳулбук» – «Дӯстӣ» – 2:1

Ёдовар мешавем, ки 27 август  байни ин дастаҳо бозиҳои ҷавобии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  баргузор мешаванд.

Август 23, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд