Дар Душанбе сеюмин ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2019, /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар шаҳри Душанбе сеюмин ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Вазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии Вазир Дилором Содиқова, шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда мешавад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маъюбон зери ғамхории бевоситаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, баҳри фаъолият, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мавҷуда муҳайё шудааст.
Бояд зикр намуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манифатҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қабул ва амалӣ гардида истодааст.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон шарикони рушдро ба ҳамкорӣ даъват намуда, иброз дошт, ки «садои маъюбон дар форум маҳз аз ҷониби мо, иштирокчиён садо медиҳад. Мусоидат ба ҳалли мушкилоти маъюбон вазифаи инсонии ҳар яки мо мебошад. Аз ин рӯ бояд кӯшиш намуд, ки форуми мазкур дар сатҳи баланд доир шуда, он барои рафъи мушкилоти соҳа такони ҷиддӣ бахшад».
Дар охир намояндагони ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ назару пешниҳодоти худро доир ба баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон иброз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли равон дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон доир мегардад.








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






