Дар Норак ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид
НОРАК, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори меҳмонхонаи “Сайёра”-и шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, директори Филиали GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко ва муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади мубодилаи таҷрибаи мусбат оид ба фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳаллӣ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.
Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар кори Шӯро раиси шаҳри Норак Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба ҳалли масъалаҳо вобаста ба мушкилоти хонаводагӣ мусоидат намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири мусбат мерасонад.
Директори Филиали GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко иброз дошт, ки ҳарчанд дар самти зӯроварӣ дар оила корҳои зиёд ба анҷом расидаанд, вале ҳамоно мавзӯъҳои баррасишаванда дар ин самт зиёданд. Аз ин рӯ мақсади ҷамъомад дарёфт намудани роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ вобаста ба зӯроварӣ мебошад.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа натиҷаи тадқиқот дар мавзӯи «Зӯроварии хонаводагӣ-сабабҳо ва омилҳои исботкунанда», ки аввали соли 2019 гузаронида шуда буд, натиҷаи сафар оид ба таҷрибаомӯзӣ аз сохторҳои давлатии вилояти Суғд, фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муҳокима гардида, вазифаҳои навбатӣ то охири соли 2019 ва нақшаи корӣ барои соли 2019 баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъомад аз масъулин хоҳиш карда шуд, ки ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, аз ҷумла шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо зичтар ба роҳ монанд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






