Дар шаҳри Самарқанд Фестивали «Таронаҳои Шарқ» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» («Шарқ тароналари») баргузор мегардад.
Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бори аввал дар фестивали мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок мекунад.
Дар ин фестивал дастаи ҳунармандони Тоҷикистон бо роҳбарии Соҳиба Давлатшоева ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ аз соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуд, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.
Ҳадаф аз таъсиси ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллат мебошад.
Фестивали мазкур дар ду сол як маротиба танҳо дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, он дар саҳни мадрасаи Шердор аз қисми шаб оғоз меёбад.
Дар фестивали мазкур меҳмонон аз 70 давлати дунё-намояндагони Осиё, Африқо ва Аврупо ширкат меварзанд. Имсол ҳунармандон аз 33 давлат, ба монанди Аргентина, Венгрия, Испания, Корея, Латвия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Сингапур, Чин ва Ҳиндустон санъати суннатии худро муаррифӣ менамоянд ва 29 мусиқии суннатӣ садо медиҳад
Инчунин дар доираи фестивал Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатӣ дар олам» гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки барои иштирокчиёни ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.









Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






