Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар финали Ҷоми Президенти Қазоқистон вомехӯранд

Август 27, 2019 10:20

 ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 августи соли  2019   дастаи   мунтахаби   наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон дар финали Ҷоми Президенти Қазоқистон оид ба футбол бо дастаи  мунтахаби наврасони  то 17-солаи   Қазоқистон, ки дар даври сеюм бар  дастаи  мунтахаби  наврасони то 17-солаи  Литва   бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, вомехӯрад. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН  шарҳ медиҳад.

Финали мусобиқаи мазкур дар шаҳри Нур-Султон   ба нақша гирифта шудааст. Дастаҳои  мунтахаби  наврасони  то 17- солаи  Литва   ва  то 16-солаи  Қазоқистон   барои ҷои сеюм ва  дастаи   мунтахаби  наврасони   то 17-солаи  Арманистон   бо  футболбозони навраси  Қирғизистон     барои ҷои панҷум бозӣ мекунанд.

26 август  дастаи  мунтахаби  наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ба пирӯзии нав соҳиб шуд. Дар бозии дуюми гурӯҳи «В» шогирдони Аҳлиддин Турдиев дастаи мунтахаби  наврасони   Қазоқистонро  бо ҳисоби 2:1  мағлуб намуда, соҳиби роҳхат ба даври финалӣ гардиданд. Аз ҳайати дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон  голҳоро Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев  ба нишон расонида, пирӯзии  дастаашонро  таъмин намуданд.

Рақиби дастаи    мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дар Ҷоми Президенти Қазоқистон   дастаи мунтахаби наврасони   то 17-солаи Қазоқистон муайян шуд. Хотиррасон мекунем, ки дар даври якум  дастаи  мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони  Арманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.

Ҷоми президенти Қазоқистон-2019

Гурӯҳи «В»

Бозиҳои  даври дуюм

Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2

Голҳои Тоҷикистон: Раҳматшо Раҳматзода, Муҳаммадворис Сайдалиев

Дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол   бозии аввалини худро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон бо ғалаба оғоз карда буд. Рақиби   футболбозони навраси тоҷик дар ин давр  дастаи  мунтахаби наврасони  то 17-солаи Арманистон   ба ҳисоб мерафт.  Дар ин вохӯрии ҷолиб  бозингарони дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон  бартарӣ доштанд, вале ҳисоби бозиро кушода натавонистанд.

Дар оғози қисмати дуюми сабқат футболбозони ҷавони арманӣ пешсаф шуданд. Баъдан Аҳлиддин Тӯрдиев Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсуддиновро ба майдон ворид намуд. Маҳз ҳамин тағйирот бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар идомаи рақобат пурқувват кард. Зимни бозии минбаъда ҳар ду футболбоз ба дарвозаи ҳариф якголӣ зада, пирӯзии дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Гурӯҳи  «В»

 Бозиҳои даври  якум

Арманистон (U-17) – Казахстан (U-16) – 2:2

 Тоҷикистон  (U-16) – Арманистон (U-17) – 2:1

Голҳои  Тоҷикистонро: Сунатулло Азизов, Муҷовид Шовайсуддинов.

Август 27, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад