Доварони тоҷик ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Доварони ФИФА аз Ҷумҳурии Тоҷикистон— Насрулло Кабирови 34-сола ва Гулмуроди Саъдуллои 28-сола ба бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 даъват шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Насрулло Кабиров дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Камбоҷа ва Гонконг ба ҳайси довари чорум таъйин шудааст. Бозии мазкур 5 сентябри соли равон дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа доир мешавад.
Гулмуроди Саъдулло ба вохӯрии дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои миллии Афғонистон ва Бангладеш ҳамчун довари эҳтиётӣ даъват гардидааст. Баргузории ин вохӯрӣ 10 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






