Ду паҳлавони ҷавони тоҷик барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо талош доранд
ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Токиои Япония идома дорад, ду паҳлавони умедбахши тоҷик-Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73кг миёни мардон ба рақобат оғоз карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар медиҳад.
Беҳрӯз Хоҷазода то ба даври чаҳорякниҳоӣ бо варзишгарон Стенд Очир аз Муғулистон, Эстрада Магдайел аз Куба, Акил Гиҷаков аз Косово, Ҷиригала Саийин аз Чин рақобат карда, ҳамаи онҳоро мағлуб намуд. Аммо дар даври чаҳорякниҳоӣ Беҳрӯз Хоҷазода аз намояндаи Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров шикаст хӯрд. Ин ду варзишгар соли гузашта низ бо ҳам дар чемпионати ҷаҳон рӯ ба рӯ шуда буданд ва дар даври сеюм паҳлавони ҷавони Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал варзишгари кишвари Кабо-Верде – Мендес Магнер, дар даври дуюм намояндаи Шветсия — Томми Масиас, дар даври сеюм Виктор Стерпуи молдовиягӣ ва дар даври чаҳорум Нунес Дос Сантоси люксембургиро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Вале бахти Сомон низ чун Беҳрӯз дар ин давр нахандид. Ин паҳлавони 19-солаи тоҷик аз Денис Яртсеви ботаҷриба, ки аз Россия намояндагӣ мекунад, шикаст хӯрд.
Ин ду паҳлавони муваффақи тоҷик пас аз шикаст аз рақибони худ то ба марҳилаи ¼-ниҳоӣ баромаданд.
Пас аз чанд лаҳза варзишгарони мо барои ба даст овардани нишони биринҷӣ дар даври тасаллобахш иштирок мекунанд. Рақиби Беҳрӯзи Хоҷазода дар ин давр Бутбул Тоҳар аз Исроил ва рақиби Сомон Маҳмадбеков паҳлавони Туркия Билол Сироғлу гардид.
Аз ҷараёни қувваозмоиҳои рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо иттилои муфассал пешниҳод мешавад.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






