ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон иштирок мекунад

Август 20, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ  Аҳлиддин Турдиев дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар 12-умин Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти  Қазоқистон  ширкат меварзад. Мусобиқаи мазкур аз  24  то  28 августи  соли равон  дар шаҳри  Нур-Султони  Қазоқистон баргузор мешавад.  Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби наврасони  Тоҷикистон, Арманистон, Литва, Қирғизистон ва ду даста аз Қазоқистон байни ҳамдигар рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар майдони «Хонаи футбол» доир мешаванд. Дастаи  мунтахаби  наврасони то 16-солаи   Тоҷикистон   шомили гурӯҳи «В» буда, бо дастаҳои  мунтахаби наврасони  Арманистон  ва Қазоқистон  рӯ ба рӯ мешавад.

Ҷоми Президенти Қазоқистон -2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон

Даври 1-ум

24 август (шанбе)

Арманистон (U-17) – Қазоқистон (U-16)

Қазоқистон (U-17) – Қирғизистон (U-16)

Даври 2-юм

25 август (якшанбе)

Тоҷикистон  (U-16) – Арманистон (U-17)

Қирғизистон (U-16) – Литва (U-17)

Даври 3-юм

26 август (душанбе)

Қазоқистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16)

Литва (U-17) – Қазоқистон (U-17)

28 август (чоршанбе)

Бозӣ барои ишғоли ҷои 5-6

Бозӣ барои ишғоли ҷои 3-4

Финал

Ёдовар   мешавем, ки    чанде пеш    дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019     миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони  то  16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд, ки он   бо ҳисоби 1:0 ба нафъи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.

Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони чемпиони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро соҳиб шуд. Медали нуқраи мусобиқоти мазкурро дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон сазовор гардид. Дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барандаи медали биринҷӣ гардид.

Бозингарони навраси  тоҷик бори дигар исбот намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон босуръат рушд карда, ояндаи наздик дар мамлакати мо низ футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ ба камол мерасанд.

Бояд зикр кард, ки  президенти Федератсияи  футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ   дар конгресси 4-уми CAFA, ки 24  апрели имсол дар Душанбе доир гардид, президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии охирин миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Афғонистон  шоми    1  август  дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе доир гардид, Рустами Эмомалӣ ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои CAFA –ро супорид.

Август 20, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд