ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Афғонистон вомехӯрад

Август 1, 2019 10:18

ДУШАНБЕ, 01.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 1 август сабқатҳои даври панҷуми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор  мегарданд. Дар даври панҷум  дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби  наврасони Афғонистон  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе  байни ҳам рақобат мекунад. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.  

18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Ёдовар мешавем, ки  30   июл   дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаи   мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии даври чоруми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дастаи  мунтахаби  наврасони  то 16-солаи   Эронро   бо ҳисоби калони   3:0 мағлуб  намуд. Голҳои дастаи  мунтахаби  Тоҷикистонро  дар ин дидори ҷолиб Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд. Бозии ояндаи худро дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон 1  августи соли равон доир мекунад. Барои мо танҳо як имтиёз зарур аст, то ки дар  ин  мусобиқа қаҳрамон шавем.

Бозии дигар байни дастаҳои мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи  мунтахаби наврасони Ӯзбекистон хотима ёфт. Дар  як вохӯрии дигар дастаи  мунтахаби наврасони   Туркманистон бар  дастаи мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад  Дар айни замон дастаи  мунтахаби  наврсони Тоҷикистон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал мебошад.

Даври  4-ум

Эрон – Тоҷикситон – 0:3

Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Сунатулло Азизов, 70+3 (0:3).

Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3

Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллоев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).

 Туркманистон  – Қирғизистон  – 1:0

Голҳо: Муҳамметалӣ Кишиков, 55.

29  июли  соли равон   сабқатҳои даври сеюми   Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор гардиданд. Дар даври сеюм  дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони  Қирғизистон  аз дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби  наврасони  Эрон  аз дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо натиҷаи  1:0 шикаст хӯрд.

Даври 3-юм

 Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

 Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3

 Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди  Тинибеков, 46 (2:3).

 Голҳо:

Эрон – Афғонистон – 0:1

 Голҳо: Аҳмад Закарёи    Ҳуссайнӣ, 66.

Хотиррасон менамоем, ки  26 июли соли равон дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври 1-уми Чемпионати CAFA   бо  дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.

Бозиҳои  дигари  ҳамин гурӯҳ низ бо  чунин натиҷа хотима ёфтанд.  Дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи  мунтахаби  наврасони Қирғизистон дидорро  бо дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Даври 1-ум

  Ӯзбекистон – Тоҷикистон  – 1:1

 Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

 Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

Афғонистан – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).

27 июли соли 2019  дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Бозии ин дастаҳои  мунтахаб  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи  баланду  хотирмон  доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.

Дар бозиҳои дигар  дастаи  мунтахаби  наврасони  Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 1:0  ва  дастаи  мунтахаби наврасони  Эрон бар  дастаи мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Даври 2-ум

 Тоҷикистон – Кирғизистон – 2:0

 Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

 Голҳо: Аҳмад Закарёи  Ҳуссайнӣ, 22.

Ӯзбекистон – Эрон – 1:2

 Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.

Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA U-16    тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

 

Август 1, 2019 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. Имрӯз дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» бо ҳам бозӣ мекунанд
9 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam -2025 иштирок мекунанд
Ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо «Истиқлол» ба Душанбе омад
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон бо дастаи занонаи Узбекистон бозиро мусовӣ кард
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад