ФУТБОЛ: «Истиқлол», «Ҳулбук», «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд

Август 29, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол, ки   27 август баргузор шуданд, чаҳор дастаи ширкаткунандаи даври нимфиналиро муайян карданд. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар»  Меҳрони ҚУРБОН   бо истинод ба  Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Футболбозони  «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ дастаи  «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохтанд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи меҳмон – КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи  футболи  «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бозиро дар майдони худ бо  дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расонид.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷаи  ду бозӣ чаҳор дастаи ғолиб ба даври нимфиналӣ роҳ пайдо карданд. Дар бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон  дастаҳои  футболи  «Истиқлол» бо «Ҳулбук» ва «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали нимфиналӣ 1 октябр, бозиҳои ҷавобӣ 2-3 ноябр доир мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Истиқлол» – «Эсхата» – 6:0

Голҳо: Аҳтам Назаров, 31 (1:0). Алишер Ҷалилов, 33 (2:0). Шериддин Бобоев, 50 (3:0). Шериддин Бобоев, 58 (4:0). Искандар Ҷалилов, 76 (5:0). Муҳаммад Ҳакимзода, 84 (6:0).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

27 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошобин.

Бозии аввал – 2:1.

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Дилшод Бозоров, 83.

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

27 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошогар.

Бозии аввал – 2:0.

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 2:1

Голҳо: Вахдат Ханонов, 1 (0:1). Алишер Холмуродов, 71 (1:1). Диловаршо Ғаниев, 74 (2:1).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

27 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

Бозии аввал – 1:1.

«Дӯстӣ» – «Ҳулбук» – 2:2

Голҳо: Шараф Саидов, 11 (0:1). Насим Маҳмадқулов, 36 (0:2). Рустам Муродов, 42 (1:2). Эроншо Равенов, 45 (2:2).

27 август. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

Бозии аввал – 1:2.

1/2 финал. Бозиҳои аввал

1 октябр (сешанбе)

«Истиқлол» – «Ҳулбук»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

2-3 ноябр (шанбе, якшанбе)

«Ҳулбук» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Август 29, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд