Футболбозони ноҳияи Нуробод дар чор бозӣ ғолибият ба даст оварданд
НУРОБОД, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар байни дастаҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни Лигаи дуюм идома дорад.
Дастаи ноҳияи Нуробод бо дастгирии бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия зери сарпарастии мураббӣ Сайёд Барфов чор бозӣ гузаронида, дар ҳамааш ғолиб баромад.
Тибқи иттилои бахши ҷавонони ноҳия, футболбозони ноҳияи Нуробод бозиҳоро бо дастаҳои шаҳри Роғун ва ноҳияи Лахш бо ҳисоби якхелаи 4-2, ноҳияи Сангвор 3-0 ва бо футболбозони ноҳияи Рашт бо ҳисоби 2-0 анҷом доданд.
Ин пирӯзӣ футболбозони ноҳияи Нурободро рӯҳбаланд намудааст. Ҳоло онҳо барои муваффақона гузаронидани бозии навбатӣ бо футболбозони ноҳияи Тоҷикобод омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






