Идигул Қосимзода: «Дар назди бахшҳои кор бо занони шаҳру ноҳияҳо марказҳои иттилотӣ-машваратӣ кушода шуданд»

Август 1, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 1.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва додани маслиҳатҳои равонӣ ба занон дар назди шуъба ва бахшҳои кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 110 маркази иттилотӣ-машваратӣ фаъол гардиданд. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» ҷиҳати  бо равоншиносон таъмин будани шуъба ва бахшҳои кор бо занони шаҳру ноҳияҳо баён дошт.

«Бо вуҷуди ташкил гардидани ин марказҳо мавридҳое ҳастанд, ки дар минтақаҳои кӯҳистон равоншиносон намерасанд. Дар ин ҳолатҳо мутахассисон аз кумита рафта, бо муроҷиаткунандагон суҳбат ороста, ба онҳо маслиҳатҳои равонию ҳуқуқӣ медиҳанд»-баён дошт Идигул Қосимзода.

Ба зикри номбурда, дар ин марказҳо як нафар ҳуқуқшинос ва як нафар равоншинос фаъолият намуда, онҳо аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мегарданд.

«Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти хосса дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Ташкили марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ низ яке аз тадбирҳои нек дар самти дастгирии занону бонувон ба шумор меравад»,-иброз намуд Идигул Қосимзода.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳ ба марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ қариб ҳафт ҳазор шаҳрванд муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора қариб 5 ҳазорашро занон ва боқимондаро мардон ташкил медиҳанд.

Ба иттилои номбурда, теъдоди зиёди ин муроҷиатҳо ба маслиҳатҳои равоншиносон вобаста буда, қисми дигари онҳо ба ҳуқуқшиносон дахл доранд.

Инчунин дар назди Кумита таълимгоҳи «Чароғи ҳидоят» мавҷуд аст, ки қариб сад нафар духтарон дар он ба тарбия ва касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин равоншинос Маҳмадулло Давлатов дар ин таълимгоҳ ба кор ҷалб шудааст.

 

Август 1, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад