Маркази миллии тестӣ нуқтаҳои бақайдгириро ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ эълон намуд

Август 14, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 14.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро эълон намудааст.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Маркази мазкур хабар медиҳад.

Маркази миллии тестӣ ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон  роҳ ёфта, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд,  мерасонад, ки азнавбақайдгирии чунин довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 холӣ мондаанд, аз 19 то 22 август дар як катор  нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   ба роҳ монда мешавад.

Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад, дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

Инчунин Маркази миллии тестӣ хотиррасон менамояд: довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Қабули маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғоз гардидааст. Довталабони хоҳишманд метавонанд маблағи мазкурро пешакӣ дар яке аз филиалҳои бонки мазкур пардохт кунанд.

Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.

Вобаста ба ин, ба довталабон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи марказро хонанд.

Август 14, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд