МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: Радиои «Ховар» сифати либос, хусусияти матоъ ва сунъию табии будани онро бароятон шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Инак таътили тобистонаи хонандагон ба охир мерасад ва ба оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Ҳамагон мекӯшанд дар ин рӯзҳо либосҳои босифату хуштарҳро барои фарзандонашон дастрас намоянд. Интихоби ҳар шахс гуногун аст. Аммо ҳама хоҳони либоси хушсифат ва барои саломатӣ манфиатовар ҳастанд.
Ба андешаи матоъшиносон, либосе, ки инсон ба бар мекунад, бояд аз нахҳои табиӣ, яъне пахта, абрешим, пашм ва нахҳои зағир омода шуда бошад. Матоъҳое, ки аз нахҳои сунъӣ омода шудаанд, албатта, ба саломатӣ зарароваранд. Ҳангоми интихоби либос ба чӣ бояд аҳамият дод? Чӣ гуна сунъӣ ё табиӣ будани матоъро бояд фаҳмид? Ба ин ва дигар саволҳо метавонед аз барномаи иттилотии «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» посух бигиред.
Барномаи иттилотии «Маслиҳати мутахассис» 28 август, соати 10:30 ва такроран соатҳои 14:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар» садо медиҳад. Муҳаррир ва ровии барнома Миҷгонаи Халил.








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






