Паҳлавонони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ сазовори ду медал гардиданд

Август 5, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавонони навраси тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов ва  Шероз Очилов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ сазовори ду медал – нуқраю биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон дар шаҳри Софияи Булғористон ҷараён дорад. Ба он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов ва Ҷаъфарҷон Зафарзода дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ сафарбар гардиданд.

Медали нуқраро Шероз Очилов дар вазни -65кг ба даст овард. Ӯ қувваозмоиро аз даври 1/8-финал оғоз карда, ба варзишгари Арманистон Арман Хачикйан пирӯз шуд. Дар даври чорякфинал намояндаи ИМА Роберт Паул Перезро шикаст дода, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал намояндаи Эрон Ҳоҷат Ҳасан Ризоиро мағлуб намуд, вале дар финал аз варзишгари Беларус Дмитрий Бонка мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.

Фирӯз Мирзораҷабов низ рақобатро аз даври ҳаштякфинал оғоз карда, аз варзишгари Ҳиндустон Правил Патил шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Полша Ливиа Томас Скрзипзак ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Россия Умар Будаев пирӯз шуда, ҷои сеюмро ишғол намуд.

Воқеан дар таърихи варзиши тоҷик ин аввалин медалҳои гӯштингирони навраси мо дар чемпионати ҷаҳон мебошад.

Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни 71кг дар нахустин қувваозмоиаш аз намояндаи Молдова Александрин Гуту шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Ёдовар мешавем, ки Фирӯз Мирзораҷабов аввали моҳи июл дар Чемпионати Осиё медали тилло, Шероз Очилов медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

 

Август 5, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид