Россия қоидаҳои интиқоли мева ва сабзавотро тавассути сарҳад шадидтар намуд

Август 28, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2019. /АМИТ «Ховар». Қоидаҳои нави интиқоли мева, сабзавот ва гулҳо тавассути сарҳади Россия аз 19 августи соли 2019 мавриди амал қарор гирифтанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия, ки 19 июли соли равон дар портали интернетии расмии иттилооти ҳуқуқӣ интишор шуд, акнун то 5 кг мева ва сабзавотро метавон дар бағоҷ ё бағоҷи дастӣ бидуни расмиёти сертификати фитосанитарӣ интиқол дод.

Тибқи ин санад, дар бағоҷ ва бағоҷи дастӣ интиқоли то 5 кг меваю сабзавот ва на зиёда аз се даста гул, ки ҳар кадоми онҳо метавонанд на бештар аз 15 гул, барг ё дигар қисмҳои растаниҳоро дошта бошанд, иҷозат дода мешавад.

Барои содироти миқдори зиёди ин намуди маҳсулот ҳуҷҷатҳои дахлдор – сертификати фитосанитарӣ лозим аст. Дар сурати мавҷуд набудани чунин ҳуҷҷат маҳсулот бозпас гардонида ё аз ҳисоби соҳиби он нест карда мешавад.

Қоидаҳои нав нисбат ба тамоми намудҳои нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти обӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ татбиқ карда мешаванд. Ғайр аз ин, навгониҳои ҷоришуда ба аъзои экипажи киштиҳо, ҳавопаймоҳо ва вагон-тарабхонаҳо, ки аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мегузаранд, инчунин интиқоли почтавӣ низ тааллуқ доранд.

Тавре ба ТАСС дар хадамоти матбуоти Росселхознадзор шарҳ доданд, қарори ҳукумат барои ҳамоҳанг кардани меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва Россия таҳия шудааст. «Он қоидаҳое, ки дар қарор дарҷ шудаанд, мо аз моҳи июли соли 2017 инҷониб бо онҳо зиндагӣ дорем ва онҳо бо қарори Комиссияи иқтисодии Авруосиё вобаста карда шудаанд. Ҳоло баромадани қарори ҳукумат — лаҳзаи мувофиқ намудани қонунгузорӣ аст», — гуфтанд дар вазорат.

Қаблан, ба расмият даровардани сертификати фитосанитарӣ ҳангоми интиқоли маҳсулоти зери карантин аз ҷониби шахсони воқеӣ дар бағоҷ ва бағоҷи дастӣ, аз қабили сабзавот ва мева, агар маводи кӯчат ё тухмӣ, инчунин картошка набошад, зарур набуд.

Август 28, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд