САЙЁҲӢ – ЯКЕ АЗ БАХШҲОИ ОЯНДАДОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН. Бардошт аз Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»
ДУШАНБЕ, 09.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Баргузории нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» бо ҳузури намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти соҳавии кишварҳои шарик, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар муаррифии имконоту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари бахши сайёҳаташ дар ҳоли рушд, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузорад.
Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абуғаффорзода дар маросими ифтитоҳи нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Форуми байналмилалии сайёҳӣ иттилоъ медиҳад, ки ин форуми муҳими сатҳи баланд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар он 400 нафар намояндагон аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид меҳмонон-иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки “ сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар як давлат маҳсуб ёфта, муаррифи таъриху тамаддун, анъанаҳои миллӣ, захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонот мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст».
Давлаталӣ Саид афзуд, ки бо мақсади рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳам ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин ва беназир аст. Дар мамлакат мақомоти салоҳиятдори бахши сайёҳӣ –Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамзамон аз ҷониби Парлумони мамлакат як зумра санаду қонунҳои танзимкунандаи соҳаи сайёҳии мамлакат қабул гардиданд, ки барои рушди соҳа мусоидат менамоянд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар ин росто соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд. Ин тадбир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ҳам тавъаманд, нигаронида шудааст.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади руши соҳа 180 ширкати сайёҳӣ фаъолияти густурда дошта, нақши онҳо дар муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва ташаккули бахши сайёҳӣ дар мамлакат муассир мебошад. Дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав, низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда шуда, барои рушди бемайлони соҳа замина мегузоранд.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат зикр намуд, ки дар иртибот бо ироа намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ алҳол дар мамлакат бунёду таҷдиди иншооти гуногуни сайёҳӣ ва дигар инфрасохтори соҳа босуръат идома дорад, ки он ба рушди сайёҳӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.
Муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ намояндагони созмонҳои бонуфуз, ширкату ассотсиатсияҳои сайёҳии кишварҳои хориҷиро барои тақвияти ҳамкории судманд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ даъват намуда, таъкид кард, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бои табиӣ буда, сайёҳӣ яке аз бахшҳои ояндадори иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Дар маросими ифтитоҳии нахустин Форуми сайёҳии «Тоҷикистон-2019» Роҳбари Департаменти аврупоии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Питер Янеч, Роҳбари минтақавӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Кассандра Колберт, муовини котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Се Сяоюн, директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Ҳабибулло Мирзозода, Ректори Академияи сайёҳии Анталияи Туркия Зафар Биккеноглу, роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии саргузаштӣ ва тиҷоратӣ Милена Николова, намояндаи шабакаи ҷаҳонии «Нейшнл ҷеографик» Виллиям Аллер сухан карданд.
Аз ҷумла, Роҳбари Департаменти аврупоии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Питер Янеч иброз намуд, ки “ман ба рушди ояндадори соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбинам, зеро сарзамини Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофияш дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои табиати зебову афсонавӣ ва нотакрор буда, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ва дӯстдороони табиатро бо манзараҳои табиати зебо ва кӯҳҳои сарбафалккашидааш ҷалб намудааст.
Бояд зикр кард, ки нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019» дар чор бахш ҷараён гирифта, дар бахши аввали он -«Ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, сайёҳӣ – омили муҳими густариши робитаҳо» масъалаҳои марбут ба кушода будани дарҳои Тоҷикистон барои сармоягузороне, ки ба соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он таваҷҷуҳ доранд, баррасӣ шуданд. Ҳамзамон муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории сайёҳӣ, тадбирҳо барои беҳтар кардани инфрасохтор ва хизматрасонии соҳа, ҳамкории минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар сатҳи деҳот ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, имтиёзҳои андозию гумрукии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Дар ҷаласаи бахши дуюм -«Сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию таърихӣ» масъалаҳои мусоидат дар рушди бемайлони сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию таърихӣ, имкониятҳо барои густариши сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон, мушкилоти ҷойдошта дар рушди сайёҳии экологӣ, иқтидорҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон, гуногунии биологии табиат ва иқлими Тоҷикистон, рушди инфрасохтори сайёҳати кӯҳӣ ва экологӣ баррасӣ гардиданд. Иштирокдорони ҷаласаи панели сеюм- «Сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ ва рекреатсионӣ» масоили марбут ба истифодаи самараноки обҳои маъданӣ ва шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии мамлакат, муаррифии пурраи саёҳати табобатӣ ва нишондодҳои осоишгоҳҳои кишвар, роҳҳои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба саёҳати табобатӣ дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои тиббӣ — табобатӣ дар Тоҷикистон-иқлим, чашмаҳои обҳои маъданӣ, лойи шифобахш, гиёҳҳои шифобахш ва тибби муосирро матраҳ намуданд.
Кори ҷаласаи панели чорум дар мавзӯи «Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пайомадҳои иқтисодии он» буда, дар он масъалаҳои дастгириҳои давлатӣ дар самти рушди ҳунармандӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳои сайёҳӣ-омили муаррифи фарҳанг ва тамаддун, ҳунармандӣ-омили ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот ва дарёфти бозорҳои байналмилалӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ баррасӣ гардиданд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, ҳамзамон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ месозанд, доираи ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд.
Дар нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» беш аз 30 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расонида шуданд. Санадҳоро асосан ниҳодҳои марбутаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ, мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ имзо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳӣ ба рушди босуръати сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намуда, ҳамчун бренди сайёҳӣ дар солҳои минбаъда ба ҳукми анъана медарояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ва ширкатҳои байналмилалии марбута дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, тибқи натиҷаҳои соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Инчунин соли равон ба Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон- 2019» 8 август барои меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии сатҳи баланд Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон, назири Қалъаи Ҳисор, Варзоб ва Норак инфо-тур ташкил намуд, ки дар он рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ меҳмононро ҳамроҳӣ карданд. Ҷараёни боздиди меҳмонони хориҷӣ ва таассуроту андешаҳои онҳо дар бораи мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дар расонаҳои дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб гардид.
Инчунин дар идомаи инфо-тур дар боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шуд.
Намоишгоҳи мазкур ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон, инчунин таҳким ва тавсеаи ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард. Меҳмонони хориҷӣ аз тамошои намоишгоҳи сайёҳӣ таассуроти нек бардошта, нисбат ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон огоҳии бештар пайдо намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»