Содироти мол соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва Чин афзоиш ёфтааст

Август 1, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 01.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон бо 101 кишвари ҷаҳон муомилоти тиҷоратӣ дошта, дар ин давра  дар асоси омори гумрукӣ  гардиши мол тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 2 094,1 миллион доллари амрикоӣ  баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли  гузашта 47,3 миллион доллар  ё 2 фоиз зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  1 август дар Душанбе дар ҷамъи  хабарнигорон гуфт, ки  аз ҳаҷми умумии  гардиши мол  1 млрд 555,9 миллион доллар  ба воридот  ва 528,1 миллион доллар  ба содирот рост меояд, ки мутаносибан воридот ба маблағи 26,6 миллион  долари амрикоӣ ё  ду фоиз  ва содирот  беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ ё чор фоиз афзоиш ёфтааст. Зикр гардид, ки дар сохтори умумии гардиши мол  беш аз 74 фоиз ба воридот ва зиёда аз 25 фоиз ба содирот рост меояд.  Аз ҳаҷми умумии  содирот  беш аз 27 фоиз  ё зиёда аз 200  миллион доллар  ба кишварҳои хориҷи наздик  ва беш аз 62 фоиз  ё наздик ба 338 миллион доллар  ба давлатҳои хориҷи дур марбут аст.

Хуршед Каримзода афзуд, ки дар самти содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷа мақоми аввалро бо зиёда аз 23 фоиз Швейтсария касб намудааст. Инчунин содироти мол ба хориҷа беш аз 22 фоиз ба Туркия, 17, 1 фоиз  ба Қазоқистон, беш аз 15 фоиз  ба Ӯзбекистон, 5,1 фоиз ба Чин  ва беш аз 3 фоизӣ ба Афғонистону Россия ва ба Эрон зиёда аз ду фоиз рост меояд.

Соли равон содироти  мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба Ӯзбекистон беш аз 17 миллион доллари амрикоӣ ва ба Чин 2 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфта, ин нишондод  бо Қазоқистон беш аз 64 миллион доллар, Туркия 12,2 миллион доллар,  Эрон зиёда аз 10 миллион доллар, Афғонистон 5,3 миллион доллар, Россия 4,4 миллион доллар, Италия 3,6 миллион доллар ва Қирғизистон 1,1 миллион доллари амрикоӣ  коҳиш ёфтааст.

Август 1, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд