ТОҶИКИСТОН АЗ НАЗАРИ РАСОНАҲОИ ИТТИЛООТИИ ҶАҲОН. Нашри 200 маводи хабарӣ аз ҷараёни нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» дар расонаҳои бонуфузи дунё

Август 16, 2019 14:57

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 200 маводи хабарию таҳлилӣ аз ҷараёни  нахустин Форум ва Намоишгоҳи  байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» тавассути расонаҳои хабарии ҷаҳон пахш ва интишор гардидаанд. Дар ин бора  дар хабаре, ки аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад.

Ҳафтаи гузашта пойтахти  Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе мизбони    ҳамоиши байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» гардида буд, ки дар он намояндагони 25 давлати ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҳамоиши мазкур дар партави талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Преизденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок табдил додани сайёҳӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон  доир карда шуд.

Ҳамоиш нахустин форуми сатҳи баланди сайёҳӣ дар Тоҷикистон буда, аз ин ба баъд ҳамасола ҳамчун ҷамъомади асосии соҳавӣ дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ  тасмим гирифтааст, ки сол аз сол сатҳи ташкили Форумро боз ҳам баланд бардошта, ба бренди тарғиботии  сайёҳӣ табдил диҳад. Ба ин восита мавқеи Тоҷикистон дар баробари дигар ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким меёбад.

Тавре зикр шуд, ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ  дар расонаҳои хабарии  дохилию хориҷӣ ба таври густурда бозтоб гардид. Ҷиҳати иштирок ва инъикоси баргузории ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ҳамчунин бардоштҳо аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, рӯзноманигорон аз Франсия, Арабистони Саудӣ, Украина, Чин, намояндагони расонаҳои муътабари ҷаҳон, назири   хабаргузории «РИА Новости», телевизиони «Мир», хабаргузории  «Синхуа», шабакаи ҷаҳонии «Нейшнл Ҷеографик», хабаргузории «Рейтер» ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо дар маҷмӯъ  беш аз 200 маводи хабарию таҳлилиро дар хабаргузориҳо, матбуот, телевизионҳо, радиоҳо ва сомонаҳои хабарии дохилу хориҷ аз ҷараёни баргузори Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» пахшу интишор намуданд.

Хабаргузории маъруфи Россия «РИА Новости» навиштааст: «Дар Тоҷикистон аввалин Форуми сатҳи баланди сайёҳӣ баргузор   гардид, ки мавқеи ин давлати саршор аз мавзеъҳои сайёҳиро дар саҳнаи туризми байналмилалӣ  мустаҳкам мегардонад».

Портали хабарии маъруфи Озарбойҷон «Тренд» (https://www.trend.az/) зимни инъикоси ҷараёни Форум навишт, ки «Душанбе- пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ба меҳмонону иштирокдорони Форум ва Намоишгоҳи мазкур автобусҳои дуошёна хизмат расониданд, ки ин аввалин рӯзи ба ҳаракат дормадани ин нақлиёти ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои Душанбе низ мебошад. Тоҷикистон талош дорад хизматрасониҳои сайёҳиро ба сатҳи байналмилалӣ барорад».

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамоиши байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шабакаи ҷаҳонии «Нейшнал Ҷеографик»  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ имзо гардид.  Ин иқдом қадами   устуворе дар роҳи тарғиби дастовардҳо ва ҷаззобияти сайёҳӣ буда, имконоти сармоягузориро муаррифӣ хоҳад сохт. Дар доираи Ёддошти тафоҳум бо ин шабакаи маъруф ҳамкории судманд  идома ёфта,  интизор меравад  филмҳои мустанад доир ба сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатӣ ва мисли инҳо аз ҷониби телевизиони «Нейшнал Ҷеогарфик»  таҳия ва намоиш дода шаванд.

Ҳамзамон дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии  сайёҳии «Тоҷикистон -2019» блогерони машҳури фаронсавӣ  Ҷонон ва Ризо Деҳотӣ ба  Тоҷикистон ташриф оварданд.  Алҳол ин блогерони маъруф ба наворгирӣ ва аксбардорӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон машғул буда, рӯзҳои наздик роликҳои тарғиботӣ ва албоми расмҳои ҷолибашон дар шабакаҳои интернетӣ пахш мегардад. Бояд гуфт, ки Деҳотӣ Муҳаммад Ризо роҳбари яке аз оҷонсиҳои тарғиботии сайёҳӣ дар ҷаҳон буда,  то кунун имконот ва захираҳои  сайёҳии беш аз 100 кишвари ҷаҳонро  бозтоб додааст.

Сомонаи Агентии сармоягузорӣ ва рушди Латвия (http://www.exim.lv) менависад, ки «Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» ниҳодҳо ва ташкилотҳои гуногуни сайёҳиро ба ҳам хоҳад овард».

Хабаргузории «Sputnik» низ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки «дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» масъалаҳои рушди соҳа баррасӣ ва созишномаҳои муфид оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд». https://tj.sputniknews.ru/country/20190810/1029621507/turizm-dushanbe-tajikistan.html

Шабакаи иттилоотии Арабистони Саудӣ «Ахбор 24» https://akhbaar24.argaam.com/article/detail/455188 низ иттилои ҷолибро оид ба ҷараёни Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии  «Тоҷикистон – 2019» ба нашр расонда, сиёсати дарҳои кушода ва ҷорӣ шудани раводиди электрониро барои ташрифи бештари сайёҳон аз кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон судманд арзёбӣ намудааст.

Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ матлаби худро оид ба кори Форум зери унвони «UNWTO» ҳамкории худро бо Тоҷикистон дар доираи Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ», ки 9 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбеи кишвари Тоҷикистон баргузор гардид, тақвият мебахшад», чунин нигоштааст: «Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ аст, ки бо манзараҳои зебои кӯҳистонӣ, мероси бойи фарҳангӣ,   табиӣ ва меҳмоннавозии мардумӣ мақоми хосса дорад». (http://europe.unwto.org/news/2019-08-14/unwto-strengthens-its-cooperation-tajikistan-during-international-tourism-forum-and-)

СУС  /UNWTO/ бо хушнудӣ аз он хабар  медиҳад, ки дар доираи ин ҳамоиш байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии байналмилалию агентиҳои туристӣ якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки минбаъд ҳамкории сайёҳӣ ва мавқеи Тоҷикистонро дар харитаи ҷаҳонии туристӣ ҷой медиҳанд.

Матлаби Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба натиҷаҳои нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон – 2019» ба 158 давлатҳои узви комилҳуқуқи Созмон ва 509 ассотсиатсияву созмонҳои байналмилалии узви вобастаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ муаррифӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ  баргузории Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»-ро тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Twitter», «Instagramm», «lincdin» ва ҳамчун хабар дар веб-саҳифаи СУС дар Аврупо мунташир намуд.

 

Август 16, 2019 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қатар инъикоси мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» баррасӣ шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
«САҲМИ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ ТИББИ ҚАДИМ ВА МУОСИР: ОСОРИ ИЛМӢ, ТАҶРИБА ВА НАЗАРИЯ». Таҳти ин унвон дар Русия озмуни мақолаи беҳтарин эълон гардид
Филми «Дар талоши ҳақиқат» аввалин маротиба дар синамоҷашнвораи «Дебют»-и Амрико иштирок мекунад
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкориро бо рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Чин тақвият мебахшад
Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар ин озмун беҳтарин даврии чакан ба намоиш гузошта шуд
САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ОЯНДАДОР АСТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода
Меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» оғоз шуд
РОҲИ НАВИ ДӮСТИИ НАСЛҲО. Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин доир гардид
Дар ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Ҳисор 44 нафар ғолиб шуданд