Зиёда аз се ҳазор нафар ҷавонписарони минтақаи Кӯлоб соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд
КӮЛОБ, 13.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 3000 нафар ҷавонписарони минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Пойгоҳи автоматикунонидаи Кӯлоб»- Автодром соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, аксари онҳо барои хизмат ба Ватан ба қисмҳои ҳарбӣ бо касби ронанда равон гардиданд.
Тавре директори ҷамъияти мазкур Зафар Табаров иттилоъ дод, «бинои «Автодром» бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, мушкили ҷавононро хеле осон гардонид. Бино замонавӣ буда, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Ҷавононе, ки мактабҳои ронандагиро дар минтақа хатм мекунанд, ба ин даргоҳ омада, имтиҳон месупоранд ва соҳиби касби ронандагӣ мегарданд».
Ба гуфти мавсуф, мактабҳои омӯзиши ронандагӣ дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин, Фархор, Восеъ ва дигар ноҳияҳо фаъолият намуда, ҷавононро ба омӯзиши ин касб ҷалб менамоянд. Дар ин пойгоҳ имтиҳонҳо ба таври автоматикӣ гузаронида шуда, дар бино 2 синфхонаи назариявӣ ва 1 синфхонаи амалӣ фаъоланд. Ин синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, ба довталабони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонанд.
Дар минтақаи Кӯлоб 26 муассисаи таълимии ронандатайёркунӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамасола довталабони зиёдеро омӯзонида, ба таври ройгон ба қисмҳои ҳарбӣ сафарбар менамоянд. Дар пойгоҳ 7 мошини сабукрав, 5 мошини боркаш, 2 мототсикл ва 2 автобуси таълимӣ фаъолият намуда, сари вақт аз санҷиши техникӣ гузаронида мешаванд. Ҳамасола дар пойгоҳ аксияи дарҳои кушод гузаронида шуда, зиёда аз 1500 нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб ба ин пойгоҳ омада, бо ҷараёни дарс ва супоридани имтиҳонҳо шинос мешаванд.
Довталабон баъди супоридани имтиҳонҳои амалӣ дар пойгоҳ соҳиби шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои гуногун мегарданд.








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






