«Ариана Металл Пласт» — қадами устувор дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар бозори дохилӣ

Сентябрь 14, 2019 09:40

ХУҶАНД, 14.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи  октябр ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт»-яке аз корхонаҳои муваффақи истеҳсолкунандаи маҳсулоти воридотӣ дар дохили ҷумҳурӣ як сол пур мешавад. Дар ин коргоҳ асосан  бозича, пойгардак, фойтунча ва дучархаҳои бачагона истеҳсол мешаванд. Давоми фаъолияти начандон тӯлонӣ коргоҳи мазкур аллакай дар самти истеҳсоли ин намуд маҳсулоти мавриди ниёзи воридотӣ дар бозори дохилӣ қадами устувор гузоштааст.

 Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои минбаъда саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст.

Дар ин робита, тибқи маълумоти оморӣ, танҳо давоми се соли охир   дар натиҷаи тадбирҳои  амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 фоиз то 17,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Баҳри иҷрои ин ҳадафи асосии стратегии мамлакат чанд соли охир дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд низ тадбирҳои судманд рӯи кор гирифта шуда, ба ин восита даҳҳо коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, асосан корхонаҳои бо истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда  машғул мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд.

Ифтитоҳи чунин коргоҳҳо, аз қабили  «Ариана Металл Пласт» сабаби  тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотӣ гардида, дар оянда метавонанд иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар бардоранд. Зеро ҳоло талабот ба маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат низ хеле зиёд аст.

Тавре зимни суҳбат ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода   директори корхона Дилором Умарова баён дошт, коргоҳ моҳи октябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир аст.

Ба иттилои номбурда, коргоҳ давоми ин давра чун кӯдаки хурд қадамҳои аввалини худро дар самти рушди устувор гузошта, чанд марҳилаи устуворгардиро паси сар намуд. Имрӯз он  бо истеҳсоли даҳҳо намуд маҳсулоти босифат дар бозори дохиливу берун аз ҷумҳурӣ то ҷое мустақилу муваффақ гардидааст.

Аз ҷумла, бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар дар  оғози ифтитоҳ роҳбарияти коргоҳ  бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харида, ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд. Инчунин давоми ин муддат дар коргоҳ корҳои дигари омодагӣ ба анҷом расонида шуда, дар нимсолаи аввал боз чанд намуд маҳсулоти нав истеҳсол намуданд.

Аз ҷумла, дар ин самт, пеш аз ҳама, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, сифати он ва тақвияти имконияти содиротӣ  диққати махсус дода шуд. Зеро ин яке аз омилҳои асосиест, ки ба воситаи он дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат  мизоҷони бештар пайдо менамоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки имрӯз дар коргоҳ истеҳсоли 36 намуд молҳои саноатии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва рӯзмарраи ҳаёти бачагон, аз қабили мошинча, дучархаву сечархаҳои бачагона, пойгардак, фойтунча ва аробачаҳои бачагонаву наврасона тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат мегирад.

Ҳоло дар коргоҳ зиёда аз 80 нафар коргарон, ки 70 фисади онро занон аз маҳаллаҳои атрофи коргоҳ ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.  Маоши миёнаи онҳо 800-900 сомонӣ буда, баъди пурра ба кор даромадани сехи озмоишии истеҳсоли дучархаҳо барои кӯдакону  наврасон ва  фойтунчаҳои намуди нав боз 10-12 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Ба иттилои роҳбари коргоҳ, давоми чанд моҳ аст, ки ба таври  озмоишӣ  ба истеҳсоли чанд намуд фойтунчаи ҳаҷман калонтар бо нишастгоҳи матоъгӣ, ки махсус харидори худро доранд ва ду намуд дучархаҳо (велосипед) барои кӯдакони аз 3 то 4-сола ва аз 8 то 10-сола шурӯъ намудаанд.

Ба гуфти Дилором Умарова, истеҳсоли ҳар намуд дучархаҳо нозукиву хусусияти худро дорад. Аз ин лиҳоз насби таҷҳизот, омӯзиш ва ба кор даровардани он муҳлати муайян талаб мекунад. Ҷараёни истеҳсоли қисмҳои ин намуд дучархаҳо аз чанд таҷҳизот мегузарад. Инчунин барои ноил гаштан ба истеҳсоли ҳар қисм ва натиҷаи ниҳоии маҳсулот аз ҷониби  мутахассисон   аҳамияти ҷиддӣ  дода мешавад.

«Умед дорем, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли ин намуд маҳсулотамонро  хуб ба роҳ монда, аз соли оянда ба истеҳсоли дучарха барои наврасони аз 12 то 14-сола ва калонсолон оғоз кунем.  Ҳамчунин дар ин робита мутахассисони мо ба талаботи харидору бозор ва навъҳои маҳсулоти бозоргир  аҳамияти махсус медиҳанд», — илова намуд ҳамсуҳбатамон.

Ҳамзамон вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он гуфта шуд, ки коргоҳ бо маҳсулоти хоми аввалин фаъолият намуда, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшаванда 40 фисадаш ба содирот нигаронида шудааст. Инчунин давоми  ҳаштмоҳаи аввали соли 2019 дар коргоҳ ба маблағи 10 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар ин раванд ҷомеаи коргоҳ нақша дорад, ки маҷмӯи маҳсулоти саноатиро ба 20 млн. сомонӣ расонад.

Зикр гардид, ки ҳарчанд коргоҳ мағозаи фирмавии худро надорад, вале имрӯз маҳсулоти он тариқи ҳамкорӣ бо ширкатҳову соҳибкорон аллакай дар тамоми минтақаҳои мамлакат харидор пайдо кардааст. Аз ин лиҳоз онҳо маҳсулоти изофагиро ба бозори  кишварҳои  ҳамсоя, чун Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ содирот мекунанд.

Роҳбарияти  корхона   ният  дорад, ки  дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ,   маҳсулоташро  ба  Федератсияи  Россия  ва Озарбойҷон  низ содир намояд. Дар айни ҳол барои роҳ ёфтан ба бозорҳои Федератсияи  Россия гуфтушунид ҷараён дорад. Ҳамчунин дар оянда истеҳсоли маҳсулоти гуногуни пластикиро ба роҳ монда, хатти истеҳсолиро аз 8 ба 12 адад расонидан дар назар аст.

    Вобаста ба харидории ашёи хом иттилоъ дода шуд, ки дар корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шуда, ашёи хом қисман аз дохили мамлакат ва қисман аз хориҷи он, яъне картон барои банду басти маҳсулоти тайёр ва истеҳсоли маҳсулот аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла полипропилен аз Федератсияи Россия, як миқдор аз Ӯзбекистон ва металлу матоъ барои фойтунчаҳо аз Чин ворид мегарданд.

Инчунин вобаста ба масъалаи таъминоти коргоҳ бо коргарону мутахассисон  илова гардид, ки имрӯз коргоҳ ба баъзе аз мутахассисон, аз қабили мутахассиси пуртаҷрибаи соҳаи кимиё дар коркарди пластмасса, инчунин кафшергар, механик ва барқчии ботаҷриба ниёз дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии шимоли мамлакат  дар минтақаи шимолу ғарби маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд  Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 26 субъект фаъолият мекунанд. Аз он 13 корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, савдо   ва   боқимонда субъектҳо ба корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва корҳои ободонӣ машғул мебошанд.       Аз оғози фаъолият то имрӯз дар минтақа дар маҷмӯъ 565 ҷойи кор  таъсис дода шудааст.      Дар шашмоҳаи аввал ҳаҷми умумии истеҳсоли саноатӣ, хизматрасонӣ ва содироту воридот 70,4 млн. сомониро дар бар гирифта, маҳсулоти истеҳсолгардидаи коргоҳҳои минтақаи озоди иқтисодӣ  на танҳо ба бозорҳои дохили мамлакат,  инчунин ба давлатҳои ҳамсоя, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бароварда мешаванд.

Ҳамзамон дар маҷмӯъ, дар нимсолаи якум дар вилояти Суғд ба маблағи 5,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ба хориҷи ҷумҳурӣ ба маблағи 224,5 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат соли 2019 дар вилоят баистифодадиҳии 100 корхона бо 1030 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи шашмоҳаи аввал 59 корхона бо 642 ҷойи корӣ таъсис  ёфтааст.

Давоми нимсолаи аввал аз ҷониби коргоҳҳои шаҳри Хуҷанд ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида 589,0 миллион сомониро ташкил дода, коргоҳи «Ариана Металл Пласт», ки ба ифтитоҳи он қариб як сол пур мешавад, бо натиҷагирии фаъолияти соҳаи саноати шаҳр дар ҷамъбаст дар қатори корхонаҳои пешсафи истеҳсолии шаҳр, чун «Қоғази тоҷик», «Арча-мебел», «Кимё», «Таҷпроф» ба рӯйхати яке аз коргоҳҳои муваффақ ва самти фаъолияташон назаррас дохил гардид.

Дар ин замина, ба таъкиди мутахассисон, умед аст, ки коргоҳ дар оянда низ бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоту содирот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тавонад дар  ғанигардонии буҷаи давлат саҳми бештар гузорад.

Бояд зикр кард, ки яке аз бартариҳо дар самти пешбурди коргоҳҳои дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”  фаъолиятдошта- ин доштани имтиёзҳои андозбандӣ ва гумрукӣ мебошад. Зеро  воридоти молу маҳсулоти ватаниву хориҷӣ чун таҷҳизоти истеҳсолию сохтмонии он бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон ҳангоми содироти молу маҳсулот аз ҳудуди МОИ ба хориҷи ҷумҳурӣ боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои пардохтҳои барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд ва ягон гуна манъкунӣ ё маҳдудкунии дорои хусусияти иқтисодӣ ҷорӣ карда намешавад. Ин    бевосита    яке аз омилҳои мусбат ва асосӣ баҳри заминагузорӣ дар раванди рушди коргоҳҳои дар ин минтақа фаъолияткунанда маҳсуб мешавад.

Сентябрь 14, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид
Сарвари давлат: «То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд»
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз 39 миллиард сомонӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд
Ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аз моҳи майи соли 2027 норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон пурра бартараф мегардад»
Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд