Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе Мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад.
Дар мусобиқаи мазкур мухлисону ҳаводорони сершумори варзиши тоҷик ва паҳлавонони шинохтаи мамлакат ширкат мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир БОЗОРОВ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 10 даста- «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Суғд-1», дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати калон аз рӯи чор вазн: -65, -80, — 90 ва +90 кг байни ҳам рақобат мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои маъмул буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва дигарҳо аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштин рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2016 ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардида буд. Дар он паҳлавонони вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуда, аз рӯи вазнҳои 65, -80, +90 байни ҳам рақобат карда буданд.
Дар он мусобиқа шоҳҷоиза- се мошини сабукрав барои паҳлавонон гузошта шуда буд. Паҳлавонони шинохта- Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 65 кило, Соҳиб Ҳакимов дар вазни 80 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни +90 кило ба ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, сазовори медалҳои тилло ва шоҳҷоиза гардида буданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






