Дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар Душанбе навъҳои беҳтарини асал ба намоиш гузошта мешаванд

Сентябрь 4, 2019 10:52

ДУШАНБЕ, 04.09.2019. /АМИТ«Ховар»/. Соли 2018 аз ҷумҳурӣ 16,2 тонна асал ба хориҷи мамлакат содирот  шудааст, ки нисбат ба соли 2017  14,6 тонна зиёд мебошад.

Имрӯз ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модазанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайраҳо) дар дохил ва беруни мамлакат сабаби даромади зиёд, ворид гардидани маблағҳои калон ва беҳтар шудани сатҳи зиндагонии шаҳрвандон мегардад. Тавре мутахассиси пешбари Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадулло Одилзода ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мамлакат  зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандон ба парвариши занбӯри асал машғул мебошанд.

Бино ба иттилои манбаъ, имсол то аввали моҳи август  истеҳсоли асал дар ҷумҳурӣ ба 1162,2 тонна расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 126,5 тонна зиёд мебошад.

Занбӯри асалпарварӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат рӯ ба инкишоф  ниҳод. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири равнақ додани соҳа як зумра санаду меъёрҳоро ба тасвиб расонид, ки барои фаъолияти занбӯрпарварон тамоми имкониятҳоро фароҳам оварданд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» аз 1 сентябри соли 2005 ва «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016» маҳз ба ҳамин соҳа бахшида шудаанд.

Инчунин барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи асалпарварӣ дастгирӣ намудани хоҷагиҳои занбӯрпарвар ва ба онҳо додани қарзҳои камфоизу дарозмуҳлат  пешниҳод гардидааст.

Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯрпарварӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин корхонаю ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳо ва хоҷагии ҷангал ба парвариши занбӯри асал машғул мебошанд.

Асоси кори зарбӯрпарваронро парвариш, нигоҳдорӣ, истифода барои гардолуд кардани набототи энгимофилтӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ташкил медиҳад. Баҳри ҳарчи бештар намудани шумораи занбӯр ва зиёд намудани содироти ин маҳсулоти шифобахш имрӯзҳо дар мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодаанд.

Бино ба гуфтаи Муҳаммадулло Одилзода, занбӯрпарварони вилояти Суғд азм доранд, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи оилаи занбӯри асалро ба 100 ҳазор адад расонанд.

Бояд гуфт, ки асалро аз қадим чун доруворӣ барои бемориҳои зиёде истифода мебаранд. Хислатҳои шифобахшии он:

Асалро бихӯранд, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва даҳани рагҳоро мекушояд; балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд, онҳоро аз ҷойҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ мекунад.

Инчунин бодҳои гуногун, сардмизоҷиро дафъ мегардонад ва санги гурдаро майда карда мерезонад, аз ҷумла шамолхӯрӣ, дарди меъдаю рӯда ва камхуниро бартараф мегардонад.

Ҳакими бузург Ҷолинус дар маълумотномаи тиббии худ овардааст: «Дар нафъ ба бадан ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест ва илоҷи аксари бемориҳову сириштани давоҳост».

Асалро дар соҳаи косметология васеъ истифода мебаранд. Бо асалоб рӯйро шустан ҳам манфиатбахш аст. Ин намуди косметикаи табиӣ пӯсти рӯйро нарму мулоим намуда, онро ҷило мебахшад. Барои рехтани мӯи сар ҳам аз малҳами асал бо дорчинӣ васеъ истифода мекунанд.

Агар ҳар субҳ 30 дақиқа пеш аз наҳорӣ ва ҳар бегоҳ пеш аз хоб як қошуқ асалро бо дорчинӣ дар оби ҷӯшида омехта намуда, нӯшед, аз фарбеҳӣ халос мешавед. Онҳое, ки ниҳоят фарбеҳанд ва илоҷи харобшавиро намеёбанд, метавонанд аз ин усул истифода кунанд. Агар ин тарзи харобшавиро бо тартиб иҷро намоянд, ҷараёни фарбеҳшавӣ дар бунияашон паст мешавад.

Асалпарварон тавсия медиҳанд, ки асали тозаро бо чунин тарз метавон муайян кард-асалро ба рӯи пораи қоғаз молида, бо оташ сӯзонед. Асали тоза дар оташ намесӯзад ва танҳо гудохта мегардад. Агар асал нимсӯхта гардад, пас занбӯрҳо онро аз шакар тайёр намудаанд, на аз гарди гул. Агар моеъ гардад, пас маълум мегардад, ки ба он об ҳамроҳ намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи баргузории Иди харбуза ва тарбуз  барои сокинон ва меҳмонони мамлакат ярмарка-фурӯши беҳтарин навъҳои асали ватаниро манзур менамояд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2019 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст