Дар Душанбе Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо шукӯҳу шаҳомат оғоз гардид

Сентябрь 4, 2019 15:34

ДУШАНБЕ, 4.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо шукӯҳу шаҳомати хосса оғоз гардид. Меҳмонони намоишгоҳро дар саҳни китобхона бо садои карнаю сурнай ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ пешвоз гирифтанд. Қабл аз оғози маросим дар назди даромадгоҳи китобхона намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд, ки ҳар яке аз онҳо инъикоскунандаи таърихи куҳани мардуми тоҷик буданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода изҳор дошт, ки дар баробари тамоми ҷашнҳои сиёсиву миллӣ ва фарҳангии мамлакат Рӯзи китоб мавқеи хосса дорад. Зеро дар рӯзгору фаъолияти миллатҳои тамаддунсозу фарҳангпарвар китоб дар радифи муқаддасоту неъматҳои миллӣ қарор мегирад.

«Мояи ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ Рӯзи китоб низ ба ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, онро дар Китобхонаи бузургтарини Осиёи Миёна ҷашн мегирем»,-афзуд Шамсуддин Орумбекзода.

Ба зикри Вазири фарҳанг, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ба китобу китобдорӣ зиёд гардида, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд. Аз ҷумлаи онҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мебошад, ки он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода иброз дошт, ки мардуми тоҷик аз қадим китобдӯст буда, ба он арҷ мегузошт ва ин анъанаи неки ниёгон то ба ин рӯз побарҷо мондааст. «Дар намоишгоҳ қариб 50 корхонаҳои табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, зиёда аз сӣ ҳазор китобҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуданд»,- баён дошт Абдусалом Мирализода.

Бояд тазаккур дод, ки озмун иборат аз се номинатсия – «Ношири муваффақ», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон», «Муаллифи сермаҳсули сол» иборат буда, дар доираи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» як зумра барномаҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории Конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият», озмуни «Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр» бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Намояндаи Сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ҳушанги Аловиддин аз иштирок дар ин намоишгоҳ хушҳолӣ намуда, иброз дошт, ки дар ин ҷо асарҳои тозанашри нависандагону адибони  Туркияро муаррифӣ мекунад. «Баргузории чунин намоишгоҳ имконият медиҳад, ки мардумони гуногун бо ҳам робитаҳои дӯстӣ пайдо намуда, аз фарҳангу тамаддун ва осори гаронбаҳои олимону адибони якдигар баҳравар шаванд. Чунин намоишгоҳҳои китоб бояд ҳарчи зиёдтар ташкил шаванд, зеро онҳо ҳам аҳли адабу фарҳанг ва ҳам мардумони одиро бо ҳам дӯсту ҳамфикр мегардонанд»,-мегӯяд Ҳушанги Аловиддин.

Мавриди зикр аст, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар пойтахти мамлакат  бахшида ба Рўзи китоб ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми накӯ аз ҷониби мақомоти олии ҷумҳурӣ, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта мешавад ва дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики бо мо дўсту қарину бародар нақши созгор мебозанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 4, 2019 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд
Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд