Дар Душанбе «Паёми нур»-и олим ва шоири тоҷик Ҳасани Султон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 08.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори оғози кори чархаи дуюми бузургтарин иншооти Тоҷикистони соҳибистиқлол – Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҷмӯаи нави ашъори олим ва шоири тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Султон бо номи «Паёми нур» аз тарафи Муассисаи нашриётии «Дониш»-и Академияи илмҳо ба нашр расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба маҷмӯа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ сарсухан навиштааст. Дар сурудаҳои маҷмӯа, бахусус «Машъали номус», «Маъбади Хуршед», «Армуғони бахти ширин», «Боргоҳи нури ишқ», «Арсаи мардони мард», «Ҳафт хони Рустаму Исфандиёр», «Нури ҷон», «Муждаи рӯзи нишот», «Боргоҳи ифтихор», «Ахтари иқбол», «Шуълаи имон», «Нури гулханҳои хомӯш», «Оташи ҷовид», «Аз Суруди оташкадаи Каркӯй то суруди неругоҳи Роғун», «Шаш чархаи Роғун – шаш чархаи гардун» ва ғ. аҳамияту бузургӣ ва шукӯҳу ҳашамати ин сохтмон, инчунин шуҷоату корнамоии бунёдкорони он бо беҳтарин сифатҳо тасвиру тавсиф гардидаанд. Аз ҷумла, НБО-и «Роғун» ба нақши бошукӯҳи Бесутун, ки таърихи чандҳазорсола дорад, ташбеҳ дода шудааст:
НОБ-и Роғун
Дар дили кӯҳ
Ҳамчу нақши бошукӯҳи Бесутун аст.
Бо хати зар
Дар ҷабинаш сабт таърихи навини Ориёно.
Дар сурудаҳои маҷмӯа ҳамчунин нақши меҳварии Пешвои муаззами миллат дар бунёди неругоҳ таъкид гардидааст:
Аё ганҷовару ганҷури Роғун,
Дарафкандӣ ба олам шӯри Роғун.
Шавад монанди Норак нурборон
Илоҳо, хонаат аз нури Роғун!
Дар маҷмӯъ, дар китоби нави шеъри Ҳасани Султон «Паёми нур» бунёди Роғун саҳфаи заррини китоби даврони Истиқлол ва пандномаи рӯзгори давлатдории нави миллӣ ба наслҳои оянда арзёбӣ шудааст.
Зиҳӣ Роғун, зиҳӣ ширин чакома,
Фузун аз қудрати тасвири хома.
Зи қавми Оли Сосон, Оли Сомон
Ба даври рӯзгорон «Панднома».








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






