Дар Хуҷанд даври вилоятии Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз гардид

Сентябрь 24, 2019 16:20

СУҒД, 24.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд маросими ифтитоҳи даври вилоятии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор гардид.    Дар ин бора    аз  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар  доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,   дар мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳолӣ ба варзиш тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, ташкили Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат намунаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба варзиш мебошад. Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар чор марҳила — дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус, дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, фонди ҷоизавиаш 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.

Сипас, Раиси вилоят ҷараёни бозии шоҳмотро мушоҳида намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақият таманно намуд.

Дар даври вилоятии мусобиқа 100 нафар ғолибони даврҳои қаблӣ иштирок дошта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Сентябрь 24, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт